маркетинг ва менеҷмент

Ду рӯз бад аз Паём. Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чӣ дод?

Воқеан ҳам боиси ифтихор аст, ки бо ибтикор ва афкори неку хирадмандонаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади рушду пешрафти давлату миллат, тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, бо хотири муаррифӣ намудани миллати тоҷик, фарҳанги тоҷикона, санъат, таърих, ҳунарҳои омма, умуман муаррифии мероси пурғановати ниёгони тоҷик, соли 2018-ро ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд.

Паёми сарнавиштсоз

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар дастаҷамъӣ шунида шуд. Ин анъанаи солҳост, ки рӯзу соати Паём ҳамагонӣ дар як толори муҷаҳҳаз гирди ҳам меоянд ва бо таваҷҷӯҳи хос фармудаҳои Пешвои муаззамро тамошо ва мешунаванд.

Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ: ҚАЛЪАИ ҶИР-ҶИРАК

Чаро Чир-Чирак? Бино ба гуфтаи мардуми маҳал ин қалъа ва ин мавзеъ пештар ба унвони «Ҷилдара» машҳур будааст. Баъдан бо мурури замон ва лашкаркашиҳои саркардаҳои муғулу турк ба худ номи Қалъаи «Ҷир-Ҷирак»-ро гирифтааст. Аммо ин фарзияи мардум аст, то ҳол ковишҳои илмӣ дар бораи таърихи номи қалъа чизеро пайдо накардаанд.

«Таърих бузургтарин устод, одилтарин

Дар парчами мо сарсабз умри падарон бошад...

Халқи Тоҷикистони тозаистиқлол соҳибпарчам гардидани давлату миллати хешро самимона  ва бо меҳри ватандорию  ифтихори миллӣ пазироӣ намуда ва ба ин нишони ҳастии давлат ва ғурури миллат арҷгузорӣ менамоянд. Азизу гиромӣ ва нишони нусрат хондани Парчами давлатӣ бесабаб нест, пайи парафшон намудани ин ливо дар зери осмони кабуди сулҳу дўстӣ, заҳмати фарзона фарзандони миллат хуб ба

Эй ҷавони миллати боғайратам…

10-уми ноябрро дар саросари ҷаҳон ҳамчун рўзи ҷавонон ва ҷавонӣ ҷашн гирифтанд, ки ин ифтихорот ба мо низ ошно аст. Қатори дигар давлатҳовумиллатҳои дунё ин санаи муҳимро  қиммат доштан мебояд моро.

Анҷоми як давраи омӯзишии семоҳа дар Ҳинд

Як давраи омӯзишии АЙТЕК (ITEC), ки намояндагони 18 давлати ҷаҳонро дар Ҳинд ҷамъ оварда буд, ахиран ба анҷом расид. Бино ба иттилои Сардори шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдории Китобхонаи миллии Тоҷикистон Абубакр Аминов, ки дар ин омӯзиш иштирок дошт, мавзуъи таҳқиқот оид ба қувваи корӣ, ҷаҳон, сиёсат, иқтисод, фарҳангро баррасӣ мекард ва он аз ҷониби Вазорати умури хориҷии Ҳинд таҳия шуда буд.

Ин давраи омӯзишӣ аз 28-уми августи соли равон шуруъ шудааст ва 23 – уми октябр ба анҷом расидааст ва дар он аз

Страницы