маркетинг ва менеҷмент

Бузургонро бузургон зинда медоранд...

Дар боби ҳамсоя ва ҳамсоядорӣ бузургони мо зиёд суханҳои ҳикматомез гуфтаанд, ки гулчини онҳо вақти зиёд мехоҳад. Намунае аз он фармудаҳо:

Э писар ҳамсояро хушнуд дор,
То ту бошӣ
раста дар рўзи шумор.

Ё ин ки:

Рӯзи дарҳои боз дар Китобхонаи миллӣ

Субҳи имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии иктоби кӯдак Рузи дарҳои боз баргузор гардид.  Дарҳои ҳамаи толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ ҳамарӯза ба рӯйи хонандагон бозанд, вале имрӯз рӯзи хоса буд, рӯзи ошноии хонандаҳое ба Китобхонаи миллӣ буд, ки бори нахуст ба остонаи он по мегузоштанд. Рӯзи дарҳои боз бештар барои онҳо буд.

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: НАМАДМОЛӢ

Намадмолӣ, ки онро намадрезӣ низ меноманд, яке аз ҳунарҳои қадимаи халқи тоҷик буда, бештар дар минтақаҳои кўҳистони Тоҷикистон, он мавзеъҳое, ки мардум ба парвариши чорпои хурд машғуланд, маъмул мебошад. Намад як навъи гилем ё палос аст, ки барои пўшидани фарши хона истифода мешавад. Намад фарши ғафс, сабук ва гарму мулоим буда, андозаи он одатан  2×3м ва баъзан каму беш аз ин буда, ғафсияш 0,5-1см мешавад. Намадро аз пашми чорвои хурд (гўсфанд ё бузи

Даҳ моҳи бемодарӣ...

Даҳ моҳ аст, ки бемодарам. Ва имрӯз, ки зодрӯз дорам, беихтиёр ёди модар кардам. Аслан ёди модар на якрӯзиву дурӯзист. Муддати ин даҳ моҳ, ки вуҷудашро, сояашро намебинам, ҳарфашро намешунавам, садояш ба гӯшам намерасад, мисли он ки чизе гум кардаму ҳеч намеёбам. Оре, ин модар будааст он ганҷе, ки инсон гум кардаву дигар ҳаргиз намёбад. Ман ҳам ин даҳ моҳ ганҷ гум кардам ва меҷӯяму намеёбам.

Имрӯз зодрӯзам аст, зодрӯзе, ки тӯли 27 сол бо модар ҷашн мегирифтем. На ман, балки ӯ талош мекард бо баҳонаи ҳамин зодрӯз гирди як дастурхони хоксорона ороёфта бо ҳам биншинем. Солҳои

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: РАҒЗАБОФӢ

Аз матои рағза бештар чакман медўзанд ва он яке аз афзори болопўши чўпонҳо ба шумор меравад, чунки барфу боронро аз худ намегузаронад. Дар Варзоб занҳо дар дукони заминӣ рағзаҳои нисбатан дурушт мебофтанд, ки он барои пайтоба истифода мешуд. Дар деҳаҳои Дарвоз аз матои рағза шалворҳои ғафси пашмин тайёр мекарданд, ки он «шорағза» ном дошт ва барои иҷрои корҳои вазнин дар фасли зимистон, инчунин барои човандозҳо дар мусобиқаи бузкашӣ хеле мувофиқ буд.

Рағза матои дурушти пашминиест, ки риштааш аз пашми

Соли руши сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: Қалъаи Ҳулбук

Қалъаи  Ҳулбукро ба асрҳои XXI мансуб донистанд. Вале ҳафриёти минбаъда собит намуд, ки қалъа дар болои иншооти қадимтаре сохта шудааст, яъне вай аслан хеле пеш, шояд ҳазор сол қабл, дар аҳди кушониён бино гашта, дертар таъмиру тармим мегашт ва ниҳоят, дар шакли хеле пурвусъат аз нав сохта шуд.

Қалъаи бостонии Ҳулбук аз дигар иншооти қадима ба куллӣ фарқ мекунад. Аксари вақт чунин бошишгоҳҳои

Страницы