маркетинг ва менеҷмент

Ду нафар аз кормандони Китобхонаи миллӣ сазовори унвони “Аълочии фарҳанг” шуданд

 Ду нафар аз кормандони ҷавони Китобхонаи миллии Тоҷикистон - Абубакр Аминов, сардори Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ ва Зафар Саидов -сардори Шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ бо унвони «Аълочии фарҳанг» қадрдонӣ гардиданд.  Дар ҷаласаи ҳисоботии фаъолияти семоҳаи Китобхонаи миллӣ Директори китобхона, профессор Абдусалом Мирализода ба ин ду тан ҷоиза ва

Китобхонаи миллӣ дар як гузориши тасвирӣ

  Ин суратгузоришро ҳамкори мо Абдуғаюр Саломов омода кардааст. Як силсиланавор аз имрӯзу дирӯзи Китобхонаи миллӣ дар пасманзараи як шеъри хуби шоири хубамон Давлат Сафар. Давлат Сафар ин шеърашро ба Китобхонаву китоб бахшидааст ва Абдуғаюр онро қироат кардаву суратҳоро омода кардааст.

Пас бубинеду бишнавед. Ва лутфан ташриф оред ба ин боргоҳи маърифат, ки беҳтарин ҷой барои мутолиа ва дарёфти маърифат аст.

Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” ва Рӯзи дарҳои боз

  Имрӯз аз сари субҳ фавҷи сокинон, ки бештари онҳо донишомӯзони мактабҳои миёнаву олии пойтахт ва атрофи он буданд, ҷиҳати боздид аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ин даргоҳи маърифату дониш омаданд. Ба ифтихори Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” Рӯзи дарҳои боз эълон шуда буд.

Дар ин рӯзи дарҳои боз ҳамаи толорҳои хониш дарҳои худро ба рӯйи касоне, ки бори аввал

Наврўз ва баъзе расму оинҳои он дар ноҳияи Шаҳринав

   Дар таърихи фарҳанги мардуми эронитабор хеҷ як анъана ва расму ойине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврўз азизу арҷманд нест. Наврўз пайвандгари насли имрўз бо расму ойин, арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон мебошад.

   Бо омадани фасли баҳор ва рўидани гулҳои Наврўзӣ наврасону ҷавонони муқими нохияи Шаҳринав гули наврўзиро чида хона ба хона гулгардонӣ намуда, аз омадани фасли зебоиву

Мероси ниёкон: ҚАЛЪАИ ХУҶАНД

   Қалъаи таърихии Хуҷанд дар маркази шаҳр, дар соҳили рости дарёи Сир дар масоҳати 200 х 300 м. ҷой гирифтааст. Атрофи қалъаро деворҳои баланд, ки қисман хароб гаштаанд, иҳота мекунанд. Аслан қалъаи  бостонӣ аз асри VII то асри XIX арзи вуҷуд доштааст.

   Дар давраи Истиқлолият Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди ҳарчӣ бештари фарҳанги миллӣ ва ҳифзи мероси ниёгон аҳамияти ҷиддӣ медиҳад.

Одитарин роҳи ташвиқи кўдакон ба мутолиаи пайваста

  Ҷомеа замоне ҳикмат ва саодат меёбад, ки мутолиа кори рўзонааш бошад (Суқрот).

Зебо хондан ва навиштан аз ҷумла он ҳунарҳоест, ки иртибот ба донишу хониш дорад. Аммо техникаю техналогияи муоссир шояд арзиши мутолиаро тағйир дод. Имрӯз таваҷҷӯҳи ҷомеа ба китобҳои электронӣ рӯ

Страницы