маркетинг ва менеҷмент

Ду рӯзи “Дарҳои боз”-и Китобхонаи миллӣ

   Рӯзи дарҳои боз, ки аз дирӯз, 2-уми сентябр дар Китобхонаи миллӣ идома дошт, чанд лаҳза пеш ба поён расид. Муддати ду рӯз сокинони кишвар ва меҳмонони он имкон доштанд вориди толорҳои хониш шаванд ва бо кору фаъолияти Китобхонаи миллӣ аз наздик ошно гарданд, ба суолҳои худ посух гиранд.

 Гуфтанист, ки ҳамасола бахшида ба «Ҳафтаи китоб» ва ҷашни «Истиқлолияти давлатӣ» дар Китобхонаи миллӣ чорабинии васеъи «Дарҳои боз» 

Суол ва ҷавоби зиндагиномаи Пешвои миллат

   Таърих гувоҳи ҳар ҳодисаву рўйдодҳои гуногун дар курраи олам намегузорад, ки касе онҳоро инкор кунад. Боиси фахри тамоми мардуми бошараф, бохирад, бофарҳангу ботамаддуни тоҷику тоҷикистонӣ аст, ки дар фазои сулҳу субот умр ба сар мебарем. Поягузори ин ҳама оромиву осоиш, амният ва мулки ободу зебо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

   Солҳои 1991-1997 Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дасисаҳои душманони дохиливу хориҷӣ гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ шуд, ки дар натиҷа бештар аз 150  ҳазор нафар бегуноҳ ҷони худро аз даст

Як қиссаро бо се забон дар Китобхонаи миллӣ метавонед бихонед

   Дар адабиёти муосири тоҷик таҳқиқи бадеии масоили марбут ба таҳаввулоти сиёсии охири  қарни XX, ки дар фазои Шўравӣ ба амал омад, беш аз пеш муҳим ва мубрам арзёбӣ мегардад. Дар робита ба масъалаи мазкур, таваҷҷуҳи  адибонро беш аз ҳама омилҳо ва сабабҳои ба садамаи сиёсӣ дучор омадани давлати абарқудрати Иттиҳоди Шўравӣ, зуҳури низоъҳои минтақавӣ ва хоса тағйиру дигаргун шудани арзишҳои маънавию ахлоқии ҷомеа ба худ ҷалб месозад. Дар ин замина, дар насри муосири тоҷик ҳам як силсила асарҳои хурду бузурге ба вуҷуд омаданд, ки онҳо дар маҷмуъ манзараи умумии таҳаввулоти таърихию сиёсӣ, табдили арзишҳо, дигаргуншавии низоми идоракунии ҷомеа ва

Падидаҳои фарҳанги аҳди Сомониён

  Забони форсии дарӣ, ки имрўз унвони тоҷикиро гирифтааст, дар заминаи гӯишҳои маҳаллии ин сарзамин ташаккул ёфта, на танҳо забони расмию давлатии Сомониён гардид, балки ба забони шевои шеъру адаб ва илм табдил ёфта, барои наслҳои оянда низ намунаи ибрат шуд. Дар тӯли беш аз ҳазор сол ин забон таровату фасоҳати худро нигоҳ дошта, ниёзҳои ҷомеаро бароварда мекунад. Муҳимтарин мазўъҳои адабиёту ҳунари мо дар ҳамин давра ба суннати пойдор табдил ёфта, дар асрҳои баъдина идома

Навад дарсади хонандагон дар Китобхонаи миллӣ аз хизматрасониҳои анъанавӣ истифода мекунанд

   Назарсанҷии навбатӣ нишон дод, ки  90 (36 нафар) дарсади хонандагони толорҳои хониши Китобхонаи  аз хизматрасонии анъанавӣ истифода мекунанд. Танҳо 10 (4 нафар) дарсади ширкаткунандагони пурсиш аз хизматрасонии электронӣ истифода мекардаанд.

Гуфта мешавад, ки 85 (34 нафар) дарсади пурсидашудагон, аз муносибати кормандони 

Ҳамкори мо барои ширкат дар сеюмин даври озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ» роҳхат гирифт

 Абдуғаюр Саломов – корманди Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдории Китобхонаи миллӣ бо пирӯзӣ дар даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” ба даври сеюм роҳхат гирифт. Абдуғаюр Саломов моҳҳо талош кард, мутолиа намуд, то ба ин натиҷа расад. Омӯзишҳои пайваставу мутолиаи бардавом ӯро барои пирӯзӣ дар зинаи сеюми озмун таҳрик медиҳад.

 Маврид ба ёдоварист, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии

Страницы