Китоби мазкур барои донишҷӯёни факултети фарматсевтӣ қобили истифода буда, аз се қисм ва 28 боб иборат аст ва бори аввал ба забони тоҷикӣ нашр мешавад. Ҳашт боби қисмати аввалро, ки марбут ба кимиёи ғайриорганикӣ аст, маводи доругии элементҳои гурӯҳҳои якум то ҳаштуми системаи даврии элементҳои химиявии Д.И.Менделеев ташкил медиҳанд. Бобҳои боқимонда: Маводи доругии органикӣ, спиртҳои алифатӣ, эфирҳо, кислотаҳои карбонӣ, фенолҳо, фенолокислотаҳо, сулфаниламидҳо, пайвастаҳои гетеросиклӣ, алкаллоидҳо, гормонҳо, витаминҳо ва антибиотикҳоро аз бар кардааст. Дар китоб бори аввал маводи доругии
Ин китобчаи хурдакак, ки ҳамагӣ 140 саҳифаро дар бар мегирад, аз ҷониби Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино омода ва нашр шудааст. Муаллифони он З.Муҳаммадиев, М.Қаюмова, Н.Зуҳуров, Р.Раҷабов, аз ҷумлаи устодони ҳамин донишгоҳ мебошанд. Дар пешгуфтор онҳо менависанд:
Таҳия аз нашри луғатҳои тиббӣ ба забонҳои англисӣ-тоҷикиӣ-русӣ таҳти таъсири раванди ҷаҳонишавӣ дар рўзгори мо аҳамияти зиёд пайдо намуда, ин гуна луғатҳо барои вусъат ёфтани робитаву ҳамкориҳо соҳаи тиб мусоидат мекунад, мушкили донишҷўён мутахассисонро
Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдоӣ яке аз шуъбаи муаззафшуда ва масъул дар тарғибу ташвиқи Китобхонаи миллӣ ва даъвати хонандагон ба китобу китобхонӣ дониста шудааст. Метавон зикр намуд, ки баҳри ҷалби хонандагон ва огоҳӣ пайдо намудан аз фаъолияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон шуъба ҳамасола тибқи нақшаи чорабиниҳои таҳрезишуда рӯзҳои “Дарҳои боз”
Муаллифи китобе, ки ахиран бо номи “Ваҳдат моро шаҳодат дод” чоп шудааст, шоир ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Нозирҷон Ёдгорӣ мебошад. Ин китоб саршор аз андешаҳои нависандаи тоҷик, шеърҳо ва манзумаи ӯ - «Пайкари нур», ки ба Асосгузори сулу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, иборат мебошад.
Китоб бо сарсухани рӯзноманигори маъруфи тоҷик Асадулло Раҳмон чоп шудааст, ки дар он мехонем:
Хизмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,
Дар библиографияи монографии мазкур оид ба ҳаёт ва фаъолияти рӯзноманигор, мунаққид, адабиётшиноси варзида ва адиби бомаҳорати тоҷик Ҳасани Муҳаммадӣ мавод пешниҳод мегардад ва хонанда дар он нисбати санаҳои асосии ҳаёт ва фаъолият, номгўи асарҳои ў бо тартиби солшуморӣ ва тавсиф, адабиёт дар борааш ва кумакфеҳристҳои ёрирасон (асарҳо ва ашхос) барои дарёфти таъҷилии мавод пайдо карда метавонад.
Муаллифи библиография Ҷӯрабой Раҷабов дар пешгуфтор менависад:
Рўзноманигор, мунаққид, адабиётшиноси варзида ва адиби бомаҳорати тоҷик Ҳасани Муҳаммадӣ 30 октябри соли
Ин дастури таълимӣ аз фанни таълимии «Таъмини амнияти иттилоотӣ» дар шакли тестӣ пешбинӣ шуда, барои курсантон, шунавандагон, муаллимон ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба пешбурди фаъолияти мазкур судманд хоҳад буд. Муаллиф Сафархон Вализода, ки муаллими калони кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятии Академияи ВК ҶТ мебошад, дар сарсухани китоб менависад:
Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақили ҷавон дар раванди ҷаҳонишавӣ бо вуҷуди дастовардҳои зиёди моддӣ ва маънавиаш, аз назари рушди технологияи иттилоотӣ ҳанӯз нақши таъсирпазирро дорад. Муқобилат ва истодагарии кишвар дар раванди қабули арзишҳои башарӣ