Сарсухани Асадулло Раҳмон ба китоби Нозирҷон Ёдгорӣ “Ваҳдат моро шаҳодат дод”
Нашр шуд 2020-11-05 15:33
Муаллифи китобе, ки ахиран бо номи “Ваҳдат моро шаҳодат дод” чоп шудааст, шоир ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Нозирҷон Ёдгорӣ мебошад. Ин китоб саршор аз андешаҳои нависандаи тоҷик, шеърҳо ва манзумаи ӯ - «Пайкари нур», ки ба Асосгузори сулу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, иборат мебошад.
Китоб бо сарсухани рӯзноманигори маъруфи тоҷик Асадулло Раҳмон чоп шудааст, ки дар он мехонем:
Хизмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Торҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи миллат ва давлатсозии тоҷикон абадӣ боқӣ мемонад. Дар ҳама давру замон дар идораи давлату рушди ҷомеа роҳбарони оқилу доно ва бомаҳорате зарур буданд ва заруранд, ки ҷомеаро бо андешаҳои бунёдӣ сӯӣ эҳё ва ташаккул бурда, дар заминаи ҳофизаи таърихӣ давлатдориро таҳким бахшанд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он шахсиятҳоеанд, ки барои кишвари мо ва сокинони он ин асолати таърихиро иҷро намуда, барои рушди бесобиқаи Тоҷикистон азиз ҷаҳди пурсамар менамоянд.
Дар солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолият чанде аз душманони миллати мо ва гумоштагони онҳо аз дохили кишвар, ки тобу тоқати дидани соҳибихтиёрии моро надоштанд, ҷанги бародаркушро ба кишвари мо таҳмил дода, мардумро ба қатлу ғорат, бархеро ба муҳоҷирату сарсонӣ гирифтор карда, мавзеъҳои ободро ба харобазор табдил доданд.
Хушбахтона, душманони мо ба ниятҳои зишти худ нарасиданд. Миллати тоҷик, сокинони Тоҷикистон азиз таҳти сарварии абарманди таърих, Пешвои муаззами мо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллатро аз нестӣ ва давлатро аз пора-пора шудан раҳо намуд.
Ин ҳама ҳаводиси тақдирсозу таърихии миллат дар эҷоди адибони мо, алалхусус нависанда ва рӯзноманигори тоҷик Нозир Ёдгорӣ нақши худро ёфтааст. Нозир Ёдгорӣ аз зумраи он қаламкашоне мебошад, ки фоҷиаи миллатро бо чашмони худ дидааст ва тавре худ дар очеркаш бо номи «Ваҳдати моро шаҳодатнома дод» қайд менамояд, «давлату миллат мо дар вартаи нестӣ қарор дошт ва маҳз ҷасорату хиради Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки на барои ҷилваву ҷавлон, балки воқеан ҳам ба нияти таҳким бахшидани сулҳу субот ва наҷоти миллату давлат ба сари қудрат омад, имконият фароҳам овард ин ҳама кашмакашу бесарусомонӣ пушти сар гарданд. Дар тӯли фаъолияти ҷонфидоёнаи худ дар таҳкими сулҳ, ташкили давлату давлатдорӣ, ноил шудан ба рушди нумӯи кишвар Сарвари давлати тоҷикон инро пурра собит намуданд».
Дар китобе, ки Шумо дар даст доред, андешаҳои нависанда ва журналисти тоҷик, инчунин шеърҳо ва манзумаи ӯ - «Пайкари нур» ҷой дода шудаанд, ки аз натиҷаи мушоҳидаҳои мустақимаш иншо шуда, эҳдо ба Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ба гуфти муаллиф ҳадафи навиштаҳояш хонандагони синни калони мактабӣ ва донишҷӯёну ҷавонон мебошанд, ки он солҳои вазнинро надидаанд, вале бояд донанд, ки бо чӣ ҷонфидоӣ, аз худ гузаштанҳо ва заҳмати сангине мо ба ин рӯзҳо расидаем. Ҳоло ҳам дар олами муосир таҳаввулот ва гардишҳои зиёде мавҷуданд. Мардуми мо бояд муттаҳид шуда, ба сафсатаи онҳое, ки акнун ҷанги иттилоотиро тавассути шабакаҳо ба мо таҳмил дода, ба мағзи мардум таъсири бад ва ҷомеаро ба нооромӣ кашиданӣ мешаванд, диққат надиҳанд. Ин кори хидматгори он хоҷагонеанд, ки берун аз марз истода, то ҳанӯз ба хоки мо чашм ало доранд. Аз ин рӯ, муаллиф изҳор менамояд, ки набояд ягон қувва, фикри ғайр, андешаи козиб ба мардуми мо таъсир расонад, мардум бояд Президенташро худаш, аз рӯи фаҳмишу иродаи худаш интихоб намояд. Ҳар касе дар ин кор ба мардуми мо халал мерасонад, яқин душман аст.
Ҳар як сухани муаллиф дар ин китоб самимист. Вақте сухан самимӣ бошад, гӯшнавоз мешавад ва он дар зеҳну тафаккури хонандаи закӣ ҷойгоҳи худро меёбад. Аз ин рӯ ман мутмаъинам, муаллиф ба он ҳадафе, ки дар ин китоб гузоштааст, мерасад.
Асадулло Раҳмон
Таҳияи Малика Абдуллоева,
мутахассиси шуъбаи маркетинг
ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ.