маркетинг ва менеҷмент

Иди меҳргон таърихи беш аз чаҳор ҳазорсола дорад

Иди Меҳргон пас аз Наврӯз яке аз бузургтарин ҷашнҳои мардуми форсизабон аст, ки дар меҳррӯз аз бурҷи Меҳрҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашн дар рӯзҳои аввали фасли тирамоҳ баргузор мегардад. Дар гузашта ин ҷашнро зардуштиён дар даҳуми меҳр ва ё наздиктар ба он ҷашн мегирифтанд. Ин ҷашн дар меҳррӯз оғоз мешуд ва шаш рӯз таҷлил карда мешуд ва дар ромрӯз ба поён мерасид. Нахустин рӯзи ҷашн «Меҳргони омма» (ҳамагонӣ) ва рӯзи охирини ҷашн «Меҳргони хоса» (вижа) номида 

​Китоби нав: САРАЗМ-гаҳвораи тамаддуни халқи тоҷик

Чунин ном дорад китобе, ки охирон чоп шуд. Муаллифон дар оғоз менависанд, ки маҷмааи бостонии Саразм нахустин макони дорои аҳамияти таърихию фарҳангии Тоҷикистон аст, ки ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шудааст. Саҳм ва хидматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳифзу ободонии ёдгориҳои бостоншиносии кишвари тоҷикон, махсусан шаҳраки қадимаи Саразм ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани онҳо хеле назаррас мебошад.

 “Сарчашмаҳои таърихӣ, -қайд мекунанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, - гувоҳӣ медиҳанд, ки бозёфтҳои 

Муаррифии китоб: Фалсафаи иҷтимоии исмоилияи муосир: Масоили марбута ва ҳалли онҳо

​Дар монография масоили мубрами фалсафаи иҷтимоии исмоилияи муосир, ки марбут ба танаввуи фалсафӣ, динӣ ва анъанаҳои халқии дорои хислатҳои фаромиллӣ, масоили қудрат, ҳуқуқҳо ва тааҳҳудоти исмоилиёни ҷаҳон, ақоиди таҳамулгароӣ ва гуногунандешӣ мебошанд, баррасӣ мешаванд.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба масалаҳои хислатҳои иҷтимоии исмоилияи муосир тавассути гуногунандешӣ ва таҳамулгароӣ, ки ба ташаккул ва инкишофи шаклҳои гуногуни фарҳанг ва санъат, эъҷоди пойгоҳҳо барои таъмини хизматрасониҳои босифат дар соҳаҳои таҳсилот ва тандурустӣ, беҳтар кардани шароити зиндагии мусулмонон мусоидат менамоянд, равона 

Узвияти беш аз чор ҳазор хонанда зарфи се ҳафтаи охир

Зарфи се ҳафтаи охир теъдоди хонандагони нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон 4351 нафар афзудааст. Бино ба оморе, ки ҳамакнун дастраси мо шуд, аз замони оғози ҳамагирии КОВИД-19 ин баландтарин сатҳи ҷалби хонандагон ба Китобхона аст.

Аксари касоне, ки ба тозагӣ худро ба узвияти Китобхонаи миллӣ номнавис ва соҳиби корти 

Ҷалби хонанда ба китобу китобхонӣ. КОВИД монеъ нест

Аз оғози соли таҳсил дар муассисаҳои таълимии кишвар бештар аз як моҳ гузашт ва Китобхонаи миллӣ ҳам аз рӯз ба рӯз серхонандатар шуд. Ҳамарӯза даҳҳо нафар бори аввал қадам ба ин боргоҳи  маърифат мегузоранд ва худро ба узвияти Китобхонаи миллӣ номнавис мекунанд, соҳиби корт мешаванд ва роҳашон ба толорҳои хониш боз мегардад. Китобхонаи миллӣ анъанаҳо ва таҷрибаҳои зиёд ба ҷалби хонандагон дорад, ки яке  

Ба истиқболи Рӯзи ҷаҳонии гардишгарӣ. Тоҷикистон сарзамини сайёҳӣ

Рушди соҳаи сайёҳӣ самти афзалиятноки сиёсати давлати мо ба ҳисоб рафта, ҷиҳати боз ҳам тараққӣ додани он аз ҷониби Ҳукумати мамлакат вобаста ба пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ як қатор имтиёзҳо пешбинӣ гардидаанд. Бо мақсади рақобатпазир гардонидани соҳа дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ моро зарур аст, ки мутахассисони забондон, донандаи фарҳангу таърих ва технологияҳои муосирро омода кунем, кормандони ширкатҳои сайёҳӣ, роҳбаладҳо, тарҷумонҳо ва дигар мутахассисони соҳаро мутобиқ ба талаботи бозори

 

Страницы