маркази Тоҷикшиносӣ
“Шоҳномаи Саолабӣ”
Нашр шуд 2016-02-05 19:59«Ғурар ус-сияр», ки бо номи «Шоҳномаи Саолибӣ» машҳур аст, аз силсилаи он киобҳоест, ки бо ҳидоят ва дастгирии Асосгузори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба нашр расидааст. Асар ҳамчун китоби 3-юми силсилаи «Тоҷнома» соли 2014, дар ҳаҷми 444 саҳифа ва 500 нусха дар матбааи «Нашриёти Бухоро», дар шаҳри Душанбе рўйи чоп омадааст. Таҳиягар ва муаллифи сарсухану таълиқоти ин китоб Низомиддин Зоҳидов буда, масъулияти таҳрири онро Носирҷон Салимов ба уҳда доштааст. «Шоҳномаи Саолибӣ» таърихи эрониёнро аз замони Каюмарс то ҳуҷуми арабҳо дар бар мегирад ва муаллифи он муаррихи арабзабони охири садаи Х ва аввали асри ХI Абўмансури Саолибӣ мебошад. Китоб аз чаҳор ҷилд иборат буда, то замони мо ҳамагӣ ду ҷилди он расидааст. Ин ду ҷилд дар як
«Таърихи Байҳақӣ»-и Хоҷа Абулфазл Муҳаммад Ибни Ҳусайни Байҳақӣ
Нашр шуд 2016-02-05 12:24Китоби «Таърихи Байҳақӣ» дастраси хонандагон гардид. Таҳиякунандаи китоб, муаллифи муқаддима, ҳавошӣ ва феҳристҳо Сайфуллоҳи Муллоҷон буда, муҳаррири масъули китоб Обид Шакурзода мебошад. Асар зери назари академик Носирҷон Салимзода аз нашр баромадааст. Китоб соли 2014 дар шаҳри Душанбе дар матбааи «Нашриёти Бухоро» дар ҳаҷми 763 саҳифа ва теъдоди 200 нусха ба табъ расидааст.
Муаллифи «Таърихи Байҳақӣ» Хоҷа Абулфазл Муҳаммад Ибни Ҳусайни Байҳақӣ мебошад. «Таърихи Байҳақӣ» аслан бо номи «Таърихи Масъудӣ» таълиф шуда, бо исми муаллифи донишманду нуктасанҷаш Байҳақӣ, ба «Таърихи Байҳақӣ» шуҳрат ёфтааст ва ин асар муҳимтарину дақиқтарин китоби таърихӣ ва аз осори камназири насри порсӣ аст.
Тарҷумаи тоҷикии “Тоҷикон”-и Александр Шишов аз чоп баромад
Нашр шуд 2016-02-05 11:51Маркази Тоҷикшиносӣ-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ҳидоят ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби Тоҷикон-и донишманди машҳури рус Александр Шишовро дар ҳаҷми 456 саҳифа аз чоп баровард. Асари мазкур бори аввал соли 1910 дар Тошканд ба чоп расида буд. Соли 2006 бошад, ин китоб бо эҳтимоми донишманди тоҷик Қодири Рустам дар шаҳри Олмотии Қазоқистон мунташир шуд. Дар асоси ҳамин нусха шоир ва тарҷумони тоҷик Ислом Юсуфӣ ин китобро ба тоҷикӣ тарҷума намуд. Ин асар зери назари доктори илмҳои филологӣ, профессор Сайфиддин Назарзода рўи чоп омадааст ва масъулияти таҳрири онро Алишери Муҳаммадӣ ба дўш дорад. Дар китоб асосан дар хусуси рўзгори фарҳангии тоҷикони кўҳистони Осиёи Миёна – Қаротегин, Вахё, Дарвоз, Шуғнон, Рўшон ва болооби Зарафшон – Мастчоҳ, Яғноб, Фалғар, Киштуд, Моғиён ва ғайра дар охирҳои садаи XIX ва оғози асри XX
ОШНОИИ МУҚАДДАМОТӢ БО “АВАСТО”
Нашр шуд 2016-01-08 22:52Агар бемории маргзой шомгоҳон фароз ояд, дармони он
бомдодон бирасад.
Агар бемории маргзой бомдодон фароз ояд, дармони он
шомгоҳон бирасад.
Агар бемории маргзой шабҳангом фароз ояд, дармони он
бомдодон бирасад.
Бишавад, ки борон обҳои тоза фурў борад; хокро нав
кунад;дарахтонро сарсабз кунад ва тандурустии наву
тавоноии тоза дар кори дармон падид оварад.
Порае аз “Авасто” - аввалкитоби олам, пандномаи ниёкони покманзар. Бо гузашти қарнҳо ҳоло хонандаи имрӯз ба осонӣ метавонад бо асли ин китоб ошно шавад. Донишмандони тоҷик бори сангини тарҷумаву таҳияи онро ба уҳда гирифтаанд ва Маркази тоҷикшиносии Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар