Гардишгари машҳур Армений Вамберӣ, ки дар асри 18 ба қаламрави имрӯзаи Осиёи Марказӣ омадаву ҳам таърих омӯхтааст ва ҳам расму русум, забон, фолклор, баъди бозгашт ба ватанаш сафардидаҳои худро дар чанд китоб ба чоп дод, ки бидуни шак аз аҳамияти илмиву таърихии бузурге бархӯрдоранд. Ин ки як сайёҳи хориҷӣ зиндагии ду қарн пеши ниёкони бузургвори моро тасвир кардааст, худ аз арзиши волои илмии асарҳои вай шаҳодат медиҳад. Аз силсилаи “Тоҷнома” “Саёҳат ба Осиёи Миёна”-и ҷаҳонгарди машҳур, олим, муаррих ва донандаи забонҳои зиёд ба чоп омода шуд ва қарор аст дар наздиктарин фурсат ба дасти хонанда расад.
Китоби дигар аз силсилаи “Тоҷнома” дар даст чоп аст. «Бохтар дар масири тамаддун» китоби 17-умин аз ин силсила дар Маркази “Тоҷикшиносӣ”-и Китобхонаи миллӣ омода шуд ва қарор аст рӯзҳои наздик аз чоп барояд. Китобест, ки дар он мақолоти зиёде аз осори қадим гирдоварӣ шудааст, то азамати давлати Бохтар ва бохтариёнро нишон диҳад.
Дафъаи дуюм боз ҳам дар оҳиста кушода шуд ва устод аз дар ба дарун қадам монданд. Якбора, чуноне ки тундари баҳорӣ осмони оромро метарконад, толор аз қарсаки мардум "таркид". Раёсатнишинон устодро, ки диданд, якбора аз ҷой ҷастанд, ба кафкӯбӣ ҳамроҳ шуданд. Қарсак то рафт сахттар мешуд. Ниҳоят устод Осимӣ аз суфаи раёсат поён омада, дасти Ғафуровро гирифтанд ва оҳиста - оҳиста ба курсии раисии раёсат бароварда нишонданд. Ғафуров бо сари хам менишаст. Ба гумонам ҳанӯз эҳсос накарда буд, ки дар толор чӣ мегузарад. Як лаҳза ба сӯи толор нигоҳ карданд, ки ҳама истода ба як зарб кафкӯбиҳои сахт мекарданд. Устод бемадорона аз ҷой хестанд, даст болои сина гузоштанд ва ба сӯи толор сар хам карданд. Кафкӯбӣ шиддати тоза
21 сол мешавад, ки 27 июн дар Тоҷикистон ҳамчун рўзи Ваҳдати миллӣ рўзи истироҳат эълон гардида, ин санаи муборак ба таври расмӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар тўли ин 21 сол тамоми гурўҳҳои салоҳбадасте, ки созишномаи истиқрори сулҳро пуштибонӣ намуданд, ба кору фаъолият ҳидоят шуда, дар тақвият ва барқарории ҳокимияти конститутсионӣ саҳми босазо гузоштанд. Даставу гурўҳҳое, ки яроқҳои худро
Ҳ еҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.
Ҳеҷ Мавлоно нашуд, Мавлои Рум,
То муриди Шамси Табрезӣ нашуд.
Воқеан, инсон аз илми худ он вақт баҳравар мешавад, то он ки дар назди устоди худ таълиму
Чунин ном дошти мизи мудаввар, ки баъди зуҳри дирӯз бо ташаббуси Маркази Тоҷикшиносӣ бахши дар Соли ҷавонон ва Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Муовини Директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабова, ки мизи мудавварро ифтитоҳ мекард, дар бораи ҳам Соли ҷавонон ва ҳам Рӯзи Костутисияи кишвар сухан ронд ва гуфт, сиёсати