Забони дарӣ, яъне забони имрўзаи мо дар ҳама навоҳии Осиёи Миёна, ки қисмати умдаи он имрўз ҷузви Тоҷикистон аст, нахуст падидор шуда,...сипас ба мағриб ва Шимоли Эрон, ки забонаш дар давраи пеш аз ислом забони паҳлавӣ будааст, рафта ва забони саросари Эрон шудааст.
Китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» ба масъалаи таърихи пайдоиш, рушду инкишоф ва таҳаввулу такомули забони тоҷикӣ дар марҳалаҳои гуногуни таърихӣ бахшида шуда, аз муқаддима, 6 боб, 26 фасл, хулоса ва китобнома иборат аст. Китоб 492 саҳифаро дар бар гирифта, бо аксу тасовири ба мундариҷаи китоб вобаста зиннат дода шудааст. Ин китоби пурарзиш соли 2016 аз тарафи нашриёти «Эр-граф», дар шаҳри Душанбе бо сифати баланд ба табъ расидааст.
Шарқшиноси машҳури рус Александр Поликарпович Шишов (15.12.1860 – 30.05.1936) агарчи таҳқиқотчии таърих ва этнография набуд, ба ҳар ҳол, дар илми шарқшиносии рус тавассути чопи китобҳои «Сартҳо» ва «Тоҷикон» нақши босазои худро гузоштааст.
Бояд гуфт, ки А. Шишов ба Туркистони тоинқилобии кишвари Русия ҳамчун духтури ҳарбӣ омадааст. Сараввал дар беморхона (лазарет)-и қисми ҳарбии Хуқанд, баъдтар – аз соли 1897 ба ҳайси сардухтури баталёни якуми Туркистон дар шаҳри Тошканд кор
Шарқшиносӣ» ва «Ховаршиносӣ» тарҷумаи истилоҳи инглисии «Orientalism» мебошад. Гарчи вожаи «orient» ва «east» ҳар ду ба маънии «Шарқ» аст, аммо «east» ғолибан ба маънии ҷиҳати шарқии ҳар чиз ба кор меравад ва гоҳе мумкин аст ба маънии «Машриқзамин» истифода шавад. Калимаи «orient» бошад, ба маънои сарзаминҳои воқеъ шуда дар шарқи Баҳри Миёназамин ва Аврупо аст. Шояд ба ҳамин ҷиҳат шарқшиносӣ
Чунин номида шуд конфронси илмӣ-оммавии Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и Китбхонаи миллӣ, ки баъди зуҳри дирӯз, 15-уми феврал бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, донишҷӯён ва пажуҳишгарон баргузор шуд.
Гадобек Маҳмудов, муовини Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар суханони ифтитоҳии худ мухтасар дар бораи нақши ховаршиносон дар шинохти миллати тоҷик ҳарф зад. Вай зимни суханронии худ аз дастовардҳои
Яке аз омилҳои асосии рушди ҳар кишвар дар қатори дигар арзишҳои моддию маънавӣ захираҳои инсонӣ, аз ҷумла насли ҷавон ба шумо меравад. Ин ҳақиқати бебаҳс аз мо тақозо мекунад, ки ба сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун яке аз самтҳои муҳими рушди чомеа диққати аввалиндараҷа диҳем. Дар кишваре, ки вазъи демографӣ дар ҳоли рушд қарор дорад ва беш аз 35 фоизи аҳолиро насли ҷавон ташкил медиҳад, муайян намудани сиёсати давлатии ҷавонон
Мусоҳибаи ихтисосӣ бо Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздонӣ
- Устод Шумо аз ҷумлаи он шахсиятҳои баруманди миллат ҳастед, ки тўли фаъолияти беш аз 40 солаи худ мудом аз арзишҳои милливу асолати миллӣ ҳарф мезанед, дар ин замина таҳқиқоти комиле низ анҷом додаед. Баромадҳои Шумо дар телевизион ва радиои ҷумҳурӣ мунтазам дар самти Ваҳдати миллӣ, асолати миллӣ ва худшиносии миллӣ садо