Қадру қиммати осори бостонии хаттӣ, археологӣ, кишоварзӣ, меъморӣ ва тамоми гунаҳои дигари тамаддуни ориёӣ, ки моли пешгузаштагони номовари мо мебошанд, дар матни тамаддуни ҷаҳонӣ мусаллам ва мўътабар аст. Бо таваҷҷўҳ ба ин матлаб Маркази тоҷикшиносии Китобхонаи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки маъхазҳои дасти аввали таърихиву адабиро, ки аз аҳди бостон ба забонҳои гуногун ба ёдгор мондааст, ҷамъовариву тадвин намояд ва ба ихтиёри хонандагони гиромӣ гузорад. Дар ин замина тарҷумаи китоби муқаддаси Авасто ба нашр расонида шуд. Осори арзишманде, ки муҳтавои ин ҷилд ва ҷилди ояндаро фароҳам овардаанд, маҷмуаи нисбатан мукаммали ёдгориҳои хаттии ниёгони мо дар аҳди бостон маҳсуб мешаванд. Сарчашмаҳои таърихие, ки ба забонҳои юнонӣ, ҳиндӣ, чинӣ, арабӣ ва ғайра таълиф шуда, роҷеъ ба ин тамаддуни ҷаҳонафрўзи бостонӣ матолиб ва мадорики
Китоби «Таърихи Систон» бо ҳидоят ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббуси Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон соли 2014 дар ҳаҷми 352 саҳифа дар таҳия, муқаддима ва тавзеҳоти донишмандони тоҷик Муҳаммадюсуф Имомов ва Абдушукури Абдусаттордар нашриёти “Бухоро” чоп шудааст.
Соли 2007 дар назди Китобхонаи миллии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ маркази илмӣ-фарҳангие бо номи «Тоҷикшиносӣ» таъсис ёфт ва ин иқдом нахустин кўшише буд дар роҳи ба муассисаи илмӣ-тадқиқотӣ табдил додани китобхонаи маъруфи кишвар. Қариб даҳ сол боз ин марказ пурсамар фаъолият дорад ва дар ин муддати кўтоҳ ба ҳайси як маркази фарҳангӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ дар ҳаёти фарҳангии
Истиқлолият, ба андешаи Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, рукни меҳварии фарҳанги давлатдориву давлатсозии мо аст. Ин неъмати бебаҳо ва дигар арзишҳои волоро дар ҳар давлате пеш аз ҳама ҷавонони бедору бофарҳанг, хештаншинос ва баномусу ватандӯст ҳифзу қадрдонӣ мекунанду пойдору устувор медоранд. Дар робита ба ин мавзўъ суҳбати рӯзноманигор Валиҷон Баёниро бо шоир ва файласуфи шинохта
Масъалаҳои маданияти миллӣ, хештаншиносии миллӣ, асолат ва ваҳдати миллӣ ҳамеша дар сархати андешаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Масъалаҳои маданияту маънавиёт аз назари Пешвои миллат аз баски тақдирсоз ҳастанд, шарти муҳимтарини суботи сиёсӣ ва беҳдошти асолати миллат ҳастанд, тақрибан дар ҳамаи суханрониҳояшон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегиранд.
Назри Яздонӣ
*** БАЗМИ ХУСРАВОНӢ ***
Дар чорзарби тундар,
Дастури навбаҳорист.
Айёми дилситонӣ,
Айёми дилсупорист.
Ангезаи муҳаббат,
Дар чаҳ-чаҳи ҳазор аст.
Дар ғул-ғули канорӣ,
Дар ишваи нигор аст.