маркази Тоҷикшиносӣ

«Ҳудуду-л-олам» маъруфтарин асари ҷуғрофии олам

«Ҳудуду-л-олам», ки аз ҷумлаи машҳуртарин асарҳои ҷуғрофии дунёст, аз ҷониби муаллифи номаълуме таълиф шуда ва то ба имрӯз дар бораи ҳуввияти мусаннифаш дақиқан чизе гуфта нашудааст. Ҳамчуноне дар муқаддимаи ин китоб хоҳед хонд, профессор В.Ф.Минорский  Ибни Фариқунро нигорандаи он медонад ва муҳаққиқон танҳо охири асри XIX дар бораи он огоҳ шуданд. Асар соли 372 ҳиҷрӣ  (982-983) таълиф шудааст. Соли 1892 шарқшинос, тарҷумони ҳарбӣ, генерал-майори Артиши Императори рус Александр Туманский нусхаи аввали онро дар Бухоро пайдо кардааст ва аввалин хабари он ҳам Русия, дар рӯзномаи “Окраина” интишор ёфтааст.  
Александр Туманский донандаи хуби забонҳои арабӣ, туркӣ ва форсӣ буда, солҳои 1891-1895 чун афсар дар Осиёи Марказӣ хизмат кардааст. Солҳои 1900-1905 сарконсул дар шаҳри Ванаи Туркияи усмонӣ будааст. Солҳои 1908-1909 бори дигар ба

Нуҳ моҳи Маркази “Тоҷикшиносӣ”

Маркази «Тоҷикшиносӣ» зарфи нуҳ моҳи соли 2015 ду ҷилди навбатии силсилаи «Тоҷнома»-китоби дуюми «Мероси хаттии бостон» (565 с. А-4) ва асари А. П. Шишов   «Тоҷикон (500с. А-4)-ро таҳия намуда, барои табъу нашр пешниҳод намуд.   

Маркази «Тоҷикшиносӣ»

13-уми июли соли 2007 дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ Маркази «Тоҷикшиносӣ» ифтитоҳ гардид.
Мақсад аз ташкили Маркази номбурда баланд бардоштани руҳияи миллӣ ва ифтихори ватандорӣ буда, ҳамчун бо тариқи воситаҳои пешрафтаи итилоотӣ (интернет, воситаҳои ахбори электронӣ ва ғайра) муъаррифӣ намудани миллати тоҷик ва кишвари Тоҷикистон мебошад.

Страницы