Дар тули 2500 сол андўхтани дониши башарӣ фақат дар инҳисори китобхонаҳо будааст. Ба қавли яке аз мутафаккирони Ғарб Томас Мор «Рўҳи тамоми гўзашта дар китобхонаҳо оромидааст». Дар сартосари таърих китобхонаҳо барои таблиғи афкори хос хидмат мебурданд. Ин нишондиҳандаи таъсиргузории сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқии китобхонаҳост.
Агар таърихи башар аз Ховар оғоз мешавад, на танҳо аз он ҷиҳат аст, ки Осиё қадимтарин намоишгоҳи маданият аст, балки аз он ҷиҳат аст, ки ин тамаддунҳо ба манзалаи хамирмоя ва шолўдаи фарҳанги Юнону Рум аст… Ҳашт соле, ки ман дар мутолиа ва мусофират гузаронидам, ҳамин фаҳмо буд, ки агар як марди ғарбӣ тамоми умри худро ба мутолиа дар қазои Ховарзамин вақф кунад, боз ҳам наметавонад рўҳи асроромези шарқиро чунон ки ҳаст дарк намояд.
Бузургтарин садди роҳи пешрафти тангназарӣ сайр дар офоқ ва анфуси хештан аст ва агар барои касе, ки фурсат дар ин даст надода, пас ошноӣ ба кори дигарон аст, ки дар ин роҳ анҷом додаанд. Дар воқеъ, миллатҳое, ки пайваста дар роҳҳои тозаи зиндагӣ қадам мениҳанд ва барои
Қабл аз зӯҳри дирӯз бо ташаббуси Маркази “Тоҷикшиносӣ”-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рўзи Китоб таҳти унвони «Фарҳанги китобдории тоҷикон дар масири тамаддун» мизи мудаввар доир гардид.
Мизи мудавварро муовини директори Китобхонаи миллӣ, Гадобек Маҳмудов ҳусни оғоз бахшида, ҳусни оғоз
Яке аз қадимтарин асарҳое, ки дар рўйхати китобҳои тавсияшудаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ…» барои иштирокчиён гузошта шудааст, китоби «Динкард» аст. «Динкард» донишномаи динӣ ва яке аз манбаъҳои муҳими боварҳо, фарҳанг ва забони ниёкони мо дар давраи бостон дониста шудааст. «Динкард» ифодакунандаи нақш ва саҳми гузаштагони миллати тоҷик дар масири тамаддуни ҷаҳонист. Ин китоб ба рост зистан, рост гуфтан, душманӣ
Дар васфи китоб шеърҳову суханҳои ҳикматомез бигўянд ва ба фарзандони худ таъкидҳои муфид кунанд, аз ҷумла: «Писарам, ин шеъро ҳифз кун, зеро мо агар китобхон набошем, аз ин олам ҳеч чизи шоиста барои худ пайдо намекунем. Агар хоҳӣ ки донишманду муътабар шавӣ, пас китобхон шав, зеро тамоми илмро аз китоб хоҳӣ дарёфт». Шояд ин суханҳои ширини модар ба зеҳни ў таъсир расонад ва минбаъд вақти худро бо китобхонӣ сипарӣ кунад.
“Ойини ойина” ва “Қалами найшакарӣ” исми ду китоби Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздонист. «Ойини ойина» аз саргузашт ва эҷодиёти Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздонӣ ҳикоят мекунад. Андешаҳое, ки муҳаққиқон ва аҳли қалам дар бораи мушаххасоти эҷодиёти устод гуфтаанд, ҷолиби диққат ҳастанд. Қисмате аз саргузашти шоир, ки бо қалами ӯ пешниҳод мешавад шояд барои хонандагони арҷманд ибратбахш бошад. Китоб дар мачмӯъ васфу тантанаи дарду ифтихори ватандорӣ, роҳату ҷабри ишқу муҳаббат, андешаҳои бадеъ аз пастиҳо ва баландиҳои рӯзгори инсонаш, ки ба андешаи шоир, лаззату ширинии рӯзгори инсони дар ҳамин бешу ками зиндагӣ ҳаст.