“Шоҳномаи Саолабӣ”

«Ғурар ус-сияр», ки бо номи «Шоҳномаи Саолибӣ» машҳур аст, аз силсилаи он киобҳоест, ки бо ҳидоят ва дастгирии Асосгузори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба нашр расидааст. Асар ҳамчун китоби 3-юми силсилаи «Тоҷнома» соли 2014, дар ҳаҷми 444 саҳифа ва 500 нусха дар матбааи «Нашриёти Бухоро», дар шаҳри Душанбе рўйи чоп омадааст. Таҳиягар ва муаллифи сарсухану таълиқоти ин китоб Низомиддин Зоҳидов буда, масъулияти таҳрири онро Носирҷон Салимов ба уҳда доштааст. «Шоҳномаи Саолибӣ» таърихи эрониёнро аз замони Каюмарс то ҳуҷуми арабҳо дар бар мегирад ва муаллифи он муаррихи арабзабони охири садаи Х ва аввали асри ХI Абўмансури Саолибӣ мебошад. Китоб аз чаҳор ҷилд иборат буда, то замони мо ҳамагӣ ду ҷилди он расидааст. Ин ду ҷилд дар як китоб пешкаши хонанда шуд.

Дарёфти китоб: Шоҳномаи Саолабӣ