Бегоҳӣ марди куҳансол бо ҳазор фикру хаёл ду писари баркамол ва духтари нуздаҳсолаашро сари дастархон гирд овард.
Оҳи чуқур кашид.
Дар ниҳоди худ қудрат меҷуст, то тавони ҳарф задан ёбад.
– Маҷбурам ба иттилои шумо расонам, ки модаратон бемор аст… рўзҳояш
Мирализода Абдусалом Мустафо 22-юми марти соли 1961, дар деҳаи Баҳористони ноҳияи Фархор ба дунё омадааст. Омӯзгор, физик, доктори илми педагогика, профессор (соли 2006), Аълочии маорифи халқ (соли 1997); Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2008).
Фаъолияти корӣ: лаборанти кафедраи физикаи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (солҳои 1987-1988); муаллими Техникуми политехникии
Рӯзи гузашта, якшанбе дар Китобхонаи миллӣ тибқи анъанаи пешин рӯзи ободонӣ буд. Даҳҳо нафар кормандон аз субҳи бармаҳал ба маҳлли кор ҳозир шуданд ва дар даст белу каланд вориди чаманзори китобхона гаштанд.
Онҳо як порча заминеро, ки баъди муддатҳо гулҳои аввали баҳор шинондашуда пажмурда шуда буданд, дубора побел карданд ва гулҳои нав шинонданд.
Муовини Директори Китобхона миллии Тоҷикистон Салима Раҷабова бар ин назар аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» танзимкунандаи зиндагӣ ва таҳкимбахши тафаккури мардум аст.
Салима Раҷабова, ки субҳи имрӯз дар хабаргузории давлатии “Ховар” суҳбат мекард,
Панҷуми августи соли равон Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад ба синни мубораки 70 даромад. Адиби маъруф 5-уми августи соли 1947 дар ноҳияи Ховалинг таваллуд шудааст. Абдулҳамид Самад замоне по ба арсаи адабиёти тоҷик қадам гузошт, ки насри тоҷик давраи ҷустуҷӯ ва таҳаввули тозаро аз сар мегузаронд. Чаҳорчӯба ва қолабҳои қаблан шаклгирифта шикаста шуданд, дидгоҳҳо ва сабкҳои тоза ба вуҷуд омаданд. Чун дар рӯзноманигорӣ солҳо қувва озмуду хабару лавҳаю очеркҳои
Биёву киштии мо дар шати шароб андоз,
Хурӯши валвала дар ҷони шайху шоб андоз.
Маро ба киштии бода дарафкан, ай соқӣ,
Ки гуфтаанд: накӯӣ куну дар об андоз.
Зи кӯи майкада баргаштаам зи роҳи хато,
Маро дигар зи карам дар раҳи савоб андоз.