Китобхонаи миллӣ

Мулоқоти Вазири фарҳанг бо ширкаткунандагони хориҷии намоиши “Китоби Душанбе” дар Китобхонаи миллӣ

Дар доираи Намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии «Китоби Душанбе» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо зумрае аз иштирокдорон - меҳмонони хориҷии намоишгоҳ мулоқот ва суҳбат кард. Дар ин дидор муовини аввали директори Оҷонсии табъу нашр ва иттилооти Ҷумҳурии Ўзбекистон Мизроб Мавлонов хостори фурӯши китобҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои

Намоиши байналмилалии “Китоби Душанбе” дар театри опера ва балети ба номи устод Айнӣ идома дорад

Намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии «Китоби Душанбе», ки субҳи рӯзи 25 октябр, дар бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ  оғоз шуда буд, идома дорад. Дар расми ифтитоҳи он намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президент  Президент Пайрав Чоршанбезода ва муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодулло

Рӯзи тозакориҳо, рӯзи низофат

Имрӯз барои Китобхонаи миллӣ рӯзи поккориву низофат буд.

Аз сари субҳ кормандон гирду атрофи бинои китобхонаро тоза карданд, сабзаҳои хушкидаро аз ҳотаи он чиданд, ҷӯйборҳоро тоза намуданд.

Ба дарахтон об монданд, бехи гулҳоро нарм карданд. Хазони сари роҳу дохили ҳотаро тоза карданд.

Паёми телевизионии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, яъне забони шоиронаву шевои тоҷикӣ, ки онро султони суханварони Аҷам устод Рӯдакӣ «тараббахши рӯҳу фараҳафзои ҷон» номидааст, самимона табрик мегӯям.

Абдусалом Мирализода: Миллате, ки китоб намехонад, оянда надорад

Профессор Абдусалом Мирализода, Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон мегӯяд, танҳо дар як Рӯзи китоб роҳандозии таблиғи китобу китобхонӣ кам аст. Таблиғи китобу китобхона бояд ҳамарӯзӣ бошад, зеро имрӯз ҷомеаи кишвар ба буҳрони маънавӣ ҳам гирифтор аст. Дурии мардум аз китоб таъсири амиқ ба ахлоқи ҷомеа дорад. Вай боз гуфт:

- Ба назари ман муҳитарин масъалае, ки ба китоб

Сухани рӯз

«Гоҳо аз мо мепурсанд, ки чаро мо дар замони истиқлолият ба рушду такомули забони давлатӣ ин қадар эътибори ҷиддӣ медиҳем.

Ин тасодуфӣ нест, чунки забон на фақат воситаи муҳимтарини муомилоти инсонӣ ва падидаи иҷтимоист, балки нишонаи асосӣ ва муайянкунандаи асолату ҳувияти миллат мебошад.»

Страницы