Доктори илмҳои филологӣ, профессор Сайфиддин Назарзода дар фазои маҷозӣ сомонаи худро фаъол кардааст.
Ин сомона, ки бо суроғаи sns.tj қобили дарёфт аст, зиндагинома, осор, мақолаҳо, ёддоштҳо, суҳбатҳои видеоиро дар бар гирифтааст.
Сайфиддин Назарзода аз пуркортарин олимони забоншиноси кишвар аст. Аз соли 1991, ки вобаста ба таърихи лексикологияи забони форсии нав рисолаи номзадӣ ва соли 2004 дар
Рӯзи истироҳати гузашта, якшанбе чун анъанаи рӯзҳои истироҳати ҳафтаи пеш кормандони Китобхонаи миллӣ худро миёни ҳотаи гулҳо заданд ва бо нарм кардани заминҳову об мондан ба гулҳои шукуфон корҳои ободониро давом доданд.
Кормандони Китобхона бехи гулбуттаҳоро нарм карданд, ҷӯйбори обро аз хасрубаҳо тоза намуданд, алафҳои бегонаро, ки монеъи рушди гулҳо мешуданд, чиданд.
Аксҳои ҳамкорамон Хусрави Милод аз ҳамин лаҳзаҳо
10 майи соли 2017 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо Муовини якуми Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Минҳоҷиддин Ҳоҷиматов мулоқот анҷом дод.
Шамсиддин Орумбекзода Минҳоҷиддин Ҳоҷиматовро, ки роҳбари ҳайати расмӣ ва иштирокчиёни Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ба диёри хушманзари тоҷикон хайрамақдам гуфт.
Бо ташаббуси Китобхонаи Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 4-5 май соли 2017 дар шаҳри Душанбе Конфронси умумиҷумҳуриявии «Ташаккули фарҳанги хизматрасонӣ ва баланд бардоштани нуфузи фаъолияти китобхонаҳо дар ҷомеаи муосир» баргузгор гардид.
Дар кори конфронс, роҳбарон ва намояндагони
Санаи 22 –юми апрели соли равон соати 14 00 дар Толори “Осорхона”-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ рӯнамоии китоби Анастасия Новых таҳти унвони “Китобҳое, ки мўъҷиза эҷод мекунанд” доир гардид. Бо сухани ифтитоҳӣ мудири шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ Тавфиқ