Китобхонаи миллӣ

Таъмири 2405 китоб дар як сол

Шуъбаи таъмир ва тармими ҳуҷҷатҳо дар тӯли як сол  2405 нусха китобро таъмир кардааст. Аз ҷумла, бо таҷҳизотҳои махсус 90 104 варақаҳои дархостиро буриданд ва 26 000 баргаҳоро сӯрох намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки Шуъбаи таъмир ва тармими ҳуҷҷатҳо яке аз шуъбаҳои таркибии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, вазифаи асосии он қонеъ гардонидани талаботи шуъбаҳо ва бахшҳои Китобхона доир ба таъмиру тармими фондҳои китобии шуъбаҳо ва бахшҳо мебошад.

КМТ: Дар соли 2016 зиёда аз 22 ҳазор нафар ба узвияти Китобхона пазируфта шуданд

Агентии миллии иттилоотии «Ховар» аз афзоиши сафи хонандагони Китобхонаи миллӣ хабар дод. Гадобек Маҳмудов, Ҷонишини Директори Китобхонаи миллӣ дар суҳбат бо ин хабаргузорӣ гуфт, ки “дар  соли 2016 зиёда аз 22 ҳазор нафар ба узвияти Китобхона пазируфта шуда, теъдоди  умумии онҳо ба 105 ҳазор нафар расид. Дар соли равон дар Китобхона қариб 35 ҳазор нусха адабиёт ба маблағи умумии зиёда аз 1 миллион сомонӣ харидорӣ гардида,  ба фонди Китобхона  наздик ба  25 ҳазор адабиёти тозанашр  ворид карда шуд. 

Сайфиддин Назарзода : «Дар Паёми пешвои миллат таъкиди асосӣ масъалаи забономўзӣ буд”

Профессор Сайфиддин Назарзода, Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон гуфт: “Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 январи соли 2016 таъкид доштанд, ки «бо дарназардошти вазъи имрӯзаи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ ва бо ҷойи кор таъмин кардани шумораи ҳарчи бештари шаҳрвандон Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар вазорату идораҳо,

Соли 2016 ба Китобхонаи миллӣ 34 ҳазору 674 нусха китоб ворид шудааст

Дар соли 2016-ум  34674 нусха адабиёт ба  маблағи  умумии  1004279,24  сомонӣ ба Китобхонаи миллӣ ворид ва мавриди коркард қарор дода шуд. Дар ин бора ахиран дар маҷлиси ҷамъбастии Китобхонаи миллӣ сухан рафт.
Гадобек Маҳмудов, Ҷонишини Директори Китобхонаи миллӣ зимни суханронӣ аз натиҷаҳои фаъолият дар соли 2016 эълон кард, ки ба захираи умумии Китобхона 24892 нусха ба маблағи умумии  552021,90  сомонӣ ворид ва ба фонди

Симо зебо, пайкар тавоно бошад

Таҳия ва нашри як силсила осори муҳиму бунёдӣ дар бахши забоншиносии тоҷик, махсусан, асарҳо оид ба таърихи забони тоҷикӣ, забони муосири тоҷикӣ, фарҳангу луғатномаҳои гуногун, аз қабили «Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ», «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ», «Донишномаи Рӯдакӣ», “Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ” ва чанде асарҳои дигар дараҷаи омодагӣ ва иқтидори илмии  мутахассисони тоҷикро дар ин самт намоён сохт.

Страницы