Соли 2015 дар Китобхонаи миллӣ 14 ҷаласаи Шўрои илмиву методӣ доир гардида дар он 63 масъалаҳои муҳими марбут ба фаъолияти Китобхонаи миллӣ, 26 гузориши сардорони шуъбаву бахшҳои Китобхона мавриди баррасӣ қарор гирифта, 38 қарор қабул шуд. Ҷараёни иҷрои қарорҳо аз ҷониби раёсат назорат ва камбудиҳои ҷойдошта ислоҳ карда шуданд.
Инак, сол ба охир мерасад.
Боз чанд соати дигар ва зангулаи вақт аз поёни як соли умри башар садо мезанад.
Соле, ки на танҳо умрҳоро бо худ мебарад, балки комёбиву дасовардҳоро низ ба худ мебарад ва дар ин баробар нокомиҳоро низ. Чӣ илоҷ, инсон ҳамеша комраво нест, гоҳе мешавад, ки ноком аст. Вале нокомӣ дар партави комёбиҳо сояи худро гум мекунад. Ин аст, ки дар поёни сол ва остонаи вуруди Соли нав ҳама бо сипосу қадрдонӣ ҳамдигарро муборакбод мекунад.
Дуввумин маҳфили адабиву фарҳангии “Оламафрӯз”, ки қарор аст аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ низ намоиш дода шавад, баъди зуҳри дирӯз, 17-уми декабри соли равон дар ошёнаи 9-уми толори «Ошёни булбулон»-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир гардид.
Ин бор маҳфил бар ашъори аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ бахшида шуда буд ва исми он-“Фурӯғи Иқбол” низ баргирифта аз мавзуъ буд.
Маҳфилоро чун дар маҳфили аввал шоири
Давраи омӯзишӣ барои даҳ нафар аз ҷумлаи кормандони китобхонаи Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аввали моҳи ҷорӣ дар Китобхонаи миллӣ оғоз шуда буд, имрӯз ба анҷом расид.
Директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Назарзода ҳангоми супурдани сертификатҳо ширкаткунандагонро барои анҷоми бомуваффақияти давраи омӯзишӣ муборакбод
Имрӯз чун анъана дар Китобхонаи миллӣ рӯзи санитарӣ буд. Ба маънии дигар субҳи имрӯз дар китобхона аз талошҳои тозагӣ оғоз ёфт.
Ҳар касе агар имрӯз аз назди ин бинои назаррабо убур мекард, кормандонро саргарми тозакунии атроф меёфт. Ва ин акнун анъана аст, муддатҳост, ки бо фармони Директори Китобхона душанбеи охири ҳар моҳ рӯзи тозагиву санитарӣ баргузор мешавад.
Маъмулан тибқи ҷадвали корӣ рӯзҳои душанбе