Китобхонаи миллӣ

Таърихи китоби тоҷик

Китоб аст, ки таърихи куҳанбунёди мо, ганҷинаҳои тамаддуни башарӣ, дурдонаҳои назми ҳазорсолаи мо, достонҳо ва илму дониши даврони бостонӣ, хираду заковати наслҳо ва халқҳоро зинда нигоҳ медорад.
Китоб аст, ки бо нури донишу маърифат роҳи мардумонро равшан сохта, боиси ҳастиву пойдории миллат, таърих, забон, адабиёт ва фарҳанг гардидааст.

С. Назарзода: Забони тоҷикӣ ганҷи шойгони миллати тоҷик аст

Ҷумҳурии Тоҷикистон   25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии худро бо шукӯҳу шаҳомат пешвоз мегирад. Дар назди таърихи чандинҳазорсолаи сарнавишти миллати мо ин давра шояд аз лиҳози замонӣ саҳифае беш набошад, вале аз лиҳози пешомади рӯйдоду ҳодисаҳо ва пайдо шудани чархиши бунёдӣ дар рушду нумӯи ин сарзамину ин миллати бостонӣ дар таърих назир надорад.
Таъмини сулҳу ваҳдати умумиву саросарӣ баъд аз чанд соли ҷанги дохиливу бародаркуш ба марҳилаи созандагиву бунёдкорӣ қадам гузошта, дар як муҳлати кӯтоҳтарин дар амал пиёда намудани ҳадафҳои муҳими стратегӣ, дар амал татбиқ намудани ислоҳоти бунёдӣ дар риштаҳои маорифу тандурустӣ, сохторҳои кишоварзиву саноатӣ намунае чанд аз дастовардҳои бунёдии даврони истиқлоланд. Тамоми ин дастоварду муваффақияту музаффариятҳо зери роҳбариву роҳнамоиҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии

Саду сездаҳ китоби нави Китобхонаи миллӣ аз шарикони мубодилаи байналмилалӣ

Аз шарикони мубодилаи байналмилалии китоб аз аввали соли равон 113 номгӯй китоб ба Китобхонаи миллӣ ворид шудааст.
Дар рӯйхате, ки ҳоло пешкаш мешавад, китобҳои воридшуда аз китобхонаҳои кишвраҳои Ӯзбекистон, Озарбоҷон, Русия, Миср, Арманистон, Корея, Ветнам ва боз чанд кишвари дигар тақдим шудаанд.
Дар миёни ин китобҳо асарҳои машҳуре назири рӯбоиёти ҳаким Умари Хайём бо забони русӣ,

Конфронси илмӣ-оммавии “Сайри таърихии Наврӯз”

Баъди аз зуҳри 10-уми марти соли равон дар ошёнаи 9-уми Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Маркази «Тоҷикшиносӣ» конфронси илмӣ-оммавӣ таҳти унвони «Сайри таърихии Наврўз» доир гардид. Дар сухани ифтитоҳии худ Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Сйфиддин Назарзода ҳамагонро ба ба фарорасии ҷашни Наврӯз муборакбод кард ва барояшон хушбахтию пирўзиҳо таманно намуд. Сайфиддин Назарзода Наврӯзро за беҳтарин суннатҳои миллӣ

Ҷоизаи Саъдӣ имсол насиби Худоӣ Шариф шуд

Донишманди шинохтаи тоҷик, профессор Худоӣ Шариф сазовори ҷоизаи Бунёди Саъдии ройзании фарҳангии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд. Маросими эътои ин ҷоиза дирӯз бо ширкати Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон, доктор Ҳуҷҷатуллоҳи Фағонӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Маросими ҷоизасупориро Директори Китобхонааи миллии Тоҷикистон профессор Сайфиддин Назарзода ифтитоҳ кард. Доктор Иброҳим Худоёр,

Страницы