Симо зебо, пайкар тавоно бошад

Таҳия ва нашри як силсила осори муҳиму бунёдӣ дар бахши забоншиносии тоҷик, махсусан, асарҳо оид ба таърихи забони тоҷикӣ, забони муосири тоҷикӣ, фарҳангу луғатномаҳои гуногун, аз қабили «Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ», «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ», «Донишномаи Рӯдакӣ», “Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ” ва чанде асарҳои дигар дараҷаи омодагӣ ва иқтидори илмии  мутахассисони тоҷикро дар ин самт намоён сохт.
Махсусан, нашри асари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номи “Забони миллат- ҳастии миллат”. Китоби якум “Ба сӯйи боландагӣ”, ки дар остонаи ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ пешкаши хонандагони сершумори тоҷик шуд, армуғони сазовор ба мардуми тоҷик гардид. Ин асари бунёдии илмӣ барои оммаи васеи хонандагон пешбинӣ гардида,   рушди забони моро аз давраҳои бостон то асри XIII инъикос менамояд. Он бо истифода аз асарҳои гуногуни дар давраҳои мухталиф таҳияшудаи илмӣ омода гардида, аз лиҳози сабку ҷобаҷогузории мавод ва тарзи пешниҳоди онҳо аз дигар осори забоншиносӣ ба куллӣ фарқ мекунад.
Пораест аз мақолаи Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон,  доктори илми филология, профессор Сайфиддин Назарзода, ки рӯзи 5-уми сенятбри соли 2016 дар рӯзномаи “Ҷумҳурият чоп шуд.

Матни комили мақоларо аз ин ҷо хонед: www.jumhuriyat.tj

Барчаспҳо: