Нусхаи хаттӣ китоберо гўянд, ки коғази он аз тарафи санъаткори моҳире сохта шуда, ҷилди он аз тарафи ҳунарманди тавоно саҳифабандӣ шуда, муҳтавои онро олиму донишманде бо хома (қалам)-и хеш бо диққату ҳавсалаи хос дар тўли рўзҳову моҳҳо ва шояд солҳо таълиф ё эҷод намудааст.
Қобили зикр аст, ки осору андешаҳои гузаштагони мо аз тариқи ин гуна нусхаҳои хаттӣ ба дасти мо омада расида аст.
Шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон яке аз шуъбаҳои бонуфузтарин дар мавриди ҷамъоварӣ ва ҳифзу нигоҳдорӣ намудани мероси хаттии ниёгонамон ба шумор меравад. Дар ин мақолаи кучаки худ хостем оид ба яке аз нодиртарин нусхаҳои хаттии калонҳаҷми фонди беназири шуъбаи мазкур «Дастур-ул-илоҷ», ки роҷеъ ба илми тиб сухан меравад, муруре дошта бошем.
Муаллифи «Дастур-ул-илоҷ» табиб ва нависандаи
Дар остонаи Рӯзи Президент кормандони шуъбаҳои илми-татқиқотӣ, маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ ва шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ба Муассисаҳои таҳсилоти умумии № 47,50, 54 –и шаҳри Душанбе рафтанд ва дар доираи барномаи «Даъват ба китоб ва Китобхонаи миллӣ» бо хонандагон ва муаллимони ин муассисаҳои таълимӣ суҳбат карданд.
Дар оғоз хонандагонро ба Рӯзи дарҳои боз даъват
Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар тўли фаъолияти хеш барои ҷамъоварӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ ва мавриди баррасӣ қарор додани нодиртарин ёдгориҳои хаттии миллати тоҷик, дастнависҳои илмию адабӣ, ки ҳазорсолаҳо умр доранд, саҳми муносиб гузоштааст. Маҳз бо саъю кўшиш ва таҳқиқотҳои пурарзиши ходимони фидоии Китобхона беҳтарин намунаҳои осори хаттӣ ҷамъоварӣ ва аз нав эҳё шуда, ба ҳайси муқаддастарин арзишҳои волои миллӣ барои шинохти воқеии таъриху фарҳанги миллати тоҷик
Ҳамарўза барномаи «Даъват ба китоб ва Китобхонаи миллӣ» дар Муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва Донишгоҳу Донишкадаҳои Ҷумҳурӣ тибқи нақшаи шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ ҷараён дорад.
Имрӯз, 4-уми ноябр гуруҳе аз кормандони шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир муштаракан бо шуъбаҳои тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ ба Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқоти
Нусхаҳои нодири хаттӣ ва чопи сангии осори ниёгон ҳамеша сарвати бебаҳо ва муайянкунадаи сатҳи фарҳангиву илмии ҳар миллату халқият дар давраи маълуми таърихӣ ба шумор рафта, онҳо ба унвони муқаддастарин арзишҳои волои миллӣ ба ҳисоб мераванд.
Шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон яке аз чунин махзани ҳифзкунандаи арзишҳои фарҳангии кишвари маҳбубамон ба ҳисоб рафта, аз соли 1933 то ин ҷониб ба ҷамъоварии нусхаҳои хаттӣ ва чопи сангии осори ниёгонамон машғул аст.