Яке аз нодиртарин нусхаи хаттӣ, ки дар «Осорхонаи китоб»-и шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудааст, «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Мансур ибни Ҳасани Фирдавсӣ (934-1020), бузургтарин шоири ҳамосасаро мебошад.
«Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ бешубҳа бузургтарин ва муҳимтарин ҳамосаи миллии қавмҳои тоҷику эронӣ, шоҳкории адабиёти мо буда, дар байни қавму миллатҳои дигар низ мақом
Калонтарин ва нодиртарин нусхаи хаттии «Сияри шариф»-и Мавлоно Муинуддини Ҳиравӣ (1486-1556) дар «Осорхонаи китоб»-и шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудааст, ки бо ороиш аз нақшу нигораш диққати ҳазорон меҳмонони ватанӣ ва хориҷиро ба худ ҷалб намудааст.
Ин нусха асари таърихӣ буда, аз шаш қисм иборат мебошад. Қисми аввали он «Дебоча» буда,
Нусхаи хаттии Хоҷа Насируддини Тусӣ (597-672) таҳрири «Усул-ул-ҳандаса ва ал-ҳисоб»яке аз нусхаҳои нодиртарин ба ҳисоб меравад, ки дар «Осорхонаи китоб»-и шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудааст. Ин нусха бо зиёда аз 450 шакли зебои геометрӣ диққати ҳазорон меҳмонони дохилӣ ва хориҷиро ба худ ҷалб намудааст.
Асар, ки имрўз ба номи «Ақлидус» («Euqlid»)
Дар ошёнаи сеюми Китобхонаи миллии Тоҷикистон «Осорхонаи китоб»-и шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир воқеъ аст, ки айни ҳол дар он беш аз 100 нусхаи ҷолиби диққат, ки ҳар кадомро метавон як дастоварди хаттии ниёгонамон ҳисобид, дар маърази тамошо гузошта шудааст.
Ҳамасола садҳо нафар аз меҳмонони воломақом ва тамошобинон аз дохил ва хориҷи кишвар ба ин осорхона ташриф меоваранд.
Кормандони шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон китобе бо номи “Таърихи Бухоро, Хуқанд ва Қошғар” (дар шарҳи ҳукумронии Амир Мирҳайдар дар Бухоро, Муҳаммадалихон дар Хуқанд, Ҷаҳонгирхоҷа дар Қошғар) аз хатти форсӣ ба хатти срилик баргардон кардаанд, ки рўзҳои наздик чоп хоҳад шуд.
Ин асар ба Мирзошамси Бухороӣ тааллуқ дошта, дар шаҳри Теҳрон соли 1277 ҳиҷрӣ (1860-1861 мелодӣ) дар ҳаҷми 340 саҳифаи хатти форсӣ рўи чоп омадааст.
Хурдтарин нусхаи чопи сангии Қуръони карим дар «Осорхонаи китоб»-и шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудааст, ки бо хурдӣ ва зебогии махсус диққати ҳазорон меҳмонони дохилӣ ва хориҷиро ба худ ҷалб намудааст.
Андозаи дарозии ин китоби муқаддас 1,8 см буда, бараш 1,2 см ва вазнаш 1,6 грамм мебошад.
Дар ҳар як саҳифа 12 сатр навишта шуда, дар анҷомаш 10 муҳри курашакл зада шудааст.