Имрўз тамоми қудратҳои динию сиёсӣ мехоҳанд аз зеҳн, андеша ва тафаккури ҷавонон истифода кунанд. Маҳз роҳбаи давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаминро ба инобат гирифта, ҷавононро ба зиндагии шоиста ва фаъолияти оқилона роҳнамоӣ намудаистодааст, то дар ҷомеа саҳми муносиб дошта бошанд. Аз ин рў, метавон гуфт аксарияти ҷавонон ба таври куллӣ ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи роҳбари давлат ҳастанд. Чунин ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро водор месозад, ки бо ҳисси баланди ифтихормандӣ аз Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд.
Мардуми тоҷик, ки тақрибан 1000 сол пеш давлати миллии худро аз даст дода буданд. Баъди эълон гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол (1991), миёни гурўҳҳои нохудогоҳу қудратталаб мухолифат ба вуҷуд омад. Ва ин нофаҳмӣ оҳиста-оҳиста мардуми тоҷикро ба майдонҳо кашонд, то ҷойе ки падар бо писар ва бародар бо бародар муқобили ҳам истоданд. Кор то ҷойе расид, ки дар кишвар оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга зад. Дар ин ҷанги бародаркуш ҳазорон нафар ҷони худро аз даст дода, ҳазорони дигар маҷруҳу бесарпаноҳ гашта, ба иқтисоди кишвар миллионҳо сомонӣ хисорот ворид гашт ва мамлакатро даҳҳо сол боз ба ақиб партофт Бояд тазаккур дод, ки халқи тоҷик дар тули таърих бо азми қавӣ, иродаи маҳкам, ақли расо ва фарҳанги воло маълуму машҳур
Дар давоми соли ҷорӣ аз ҷониби Китобхонаи Ҷумҳурии Покистон 134 номгў китобу маҷаллаҳо ба Китобхонаи миллӣ тақдим гардид ва аз ин шумора 74 ададаш маҷаллаи “Дониш” мебошад.
Алоқа ва робитаҳои адабиву фарҳангӣ ба мисли муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва тиҷоратӣ аз аҳамият холӣ набуда, дар инкишофу равнақи муносибатҳои байни давлатҳо нақши бузурге доранд.
Дар баробари равобити сиёсиву иҷимовӣ робитаҳои фарҳангиву адабӣ ва байникитобхонавии Тоҷикистон бо дигар мамолики хориҷи кишвар низ бештар шуда истодааст. Дар замони Истиқлол Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо беш аз 25 давлати ҷаҳон додугирифти китобӣ барқарор кардааст.
Нусхаи хаттии дигаре, ки дар фонди тиллоии шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир нигоҳдорӣ мешавад, «Маҷмӯаи девон» мебошад, ки девони шуарои давраҳои гуногунро фаро гирифтааст. Дар дохили ин асар аз ҷумла «Девон»-и Камоли Хуҷандӣ аз ҷониби хаттоти зарринқалам Муҳаммадамини Ҳаким валади Баён Муҳаммад соли 1311 ҳиҷрӣ мутобиқ ба соли 1912 китобат шудааст, мутаасифона ҷойи китобати он зикр
Рисолаи «Ашколи хутути исломия»-и Ҳоҷӣ дар хусуси намудҳои гуногуни хат ва хушнависӣ баҳс менамояд. Дар он 63 навъи хати арабӣ аз ҷумла: сулс, ёқутӣ, насх, кўфӣ, риқоъ, моҳӣ, гулзор, нохунӣ, настаълиқи ҷалӣ, таълиқ, шикастаи таълиқ, настаълиқи хафӣ, исрор, қуръонии бухороӣ, қуръонии кашмирӣ, ғубор ва монанди инҳо нишон дода шудаанд, ки он ҳамчун яке аз асарҳои хуби хаттотӣ аз аҳаммият холӣ нест.
Маснавии маънавии Мавлавӣ,
Ҳаст Қуръон бар забони паҳлавӣ
Асари «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Румиро метавон аз зумраи он чанд шоҳасарҳои ҷудогонаи тарбиятгари ахлоқи некў ва тарғибкунандаи роҳи рост ба башарият шумурд. Ин асари пурмазмуну пурмуҳтаво аз тарафи мутафаккир ва шоири бузург Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (Румӣ) (ваф. 466 ҳ.) бо