Дастхатҳои Шарқ

Харидории 63 маҷмуъаи дастхат ва 65 китоби чопи сангӣ

Зарфи соли сипаришуда дар Шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир 207 адад  нусхаи хаттӣ ва китоби чопи сангии аҳолӣ мавриди санҷиши соҳавӣ қарор дода шуда, 63 маҷмўаи дастхат ва 65 китоби чопи сангӣ  харидорӣ  карда шуд.
Инчунин 30 адад нусхаи хаттӣ ва китоби чопи сангиро аз аҳолӣ барои харидорӣ ҷамъоварӣ кардаанд. Илова бар ин, дар шакли туҳфа аз фонди элэктронии Китобхонаи миллии Фаронса 30 нусхаи хаттии электронӣ ва аз Осорхонаи санъати

Шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир дар нуҳ моҳи соли 2015

Китобхонаи миллии Фаронса 30 нусхаи хаттии электрониро ройгон ба Китобхонаи миллӣ тақдим кард, ки он ба хазинаи хаттии электронии Шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир ворид карда шудааст.
 Аз тарафи шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир 135 адад  нусхаи хаттӣ ва китоби чопи сангии аҳолӣ мавриди санҷиши соҳавӣ қарор дода шуда, 57 маҷмўаи дастхат ва 78 китоби чопи сангӣ барои харидорӣ интихоб карда шуд.

Шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир

Тавре аз номаш пайдост, шуъба дастхатҳои қадимиро бо алифбои форсӣ ва лотинӣ дар бар мегирад. Китобҳои чопи сангӣ, дастхатҳои нодири аз замонҳои гуногун боқимонда, ҳамчунин рӯзномаву маҷаллаҳое, ки дар солҳои аввали Инқилоби Октябр бо алифбои лотинӣ дар Самарқанду Бухорову Тошканд ва Душанбе интишор шудаанд.
Ин шуъба мероси хаттии ниёгон аст, дар он метавон бо намунаҳои гуногуни хат ошно шуд, китобҳои дар қарнҳои гуногун ва дар кишварҳои мухталиф чопшударо пайдо кард.

Страницы