Рӯнамоии "Таърихи низомии Тоҷикистон" дар Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2019-09-05 16:33
Аввалин таърихи муфассали низомии Тоҷикистон дар ду ҷилд навишта ва чоп шуд. Ин лаҳзаҳо рӯнамоии он дар яке аз толорҳои Китобхонаи миллӣ бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, пажӯҳишгарон, коршиносон, низомиён ва рӯзноманигрони дохиливу хориҷӣ дар ҷараён аст.
Муаллифони ин китоби пурарзиш Назаршо Назаршоев ва Илҳом Бониёзов мебошанд. Муаллифон кӯшидаанд таърихи пайдоиши артишро аз қадим то ба имрӯз ба риштаи тасвир кашанд. Барои навиштани ин асари пажӯҳишӣ онҳо аз ҳар сарчашмаи хаттии дастрас истифода кардаанд ва талош намудаанд, шуруъ аз аввалин нишонаҳои пайдоиши артиш то ба имрӯзро бо далоили таърихӣ рӯйи чоп оранд.
Китоб зери назари Вазири мудофиаи кишвар, генерал-полковник Шеалӣ Мирзо дар чопхонаи “Хуросон”-и шаҳри Хуҷанд интишор ёфтааст.
Гуфтанист, ки субҳи имрӯз, соати 10 ин китоб дар толори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бо ширкат ва раёсати муовини вазири мудофиа генерал-майор Асрор Латифӣ муаррифӣ шуда буд.
Аксҳо аз Хусрави Милод