Субҳи имрӯз дар толори хониши ба номи Шарифҷон Ҳусейнзодаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, устодони Донишгоҳ, адибони маъруф ва донишҷӯён маҳфили илмӣ-адабии “Худойназар Асозода ва тозаандешӣ дар адабиёти тоҷик” баргузор шуд.
Маҳфил ба ифтихори 75-умин солгарди донишманди маъруф, профессор Худойназар Асозода бахшида шуда буд. Имрӯз, 25-уми декабр агар ӯ дар ҳаёт мебуд, ҳафтодупанҷсола мешуд. Ҷамъомади имрӯз ёде буд аз шогирдон, ҳамкорон, дӯстон ва наздикони устод Асозода.
Худойназар Асозода аз ҷумлаи пуркортарин олимони кишвар буд, ки аз худ мероси гаронбаҳо боқӣ гузошт. Вале бузургтарин мероси ӯ ёдҳои хушест, ки имрӯз баъди даргузашташ шогирдону ҳамкоронаш нақл мекунанд.
Муртазо Зайниддинов, олими шинохта ва яке аз комёбтарин шогирдони устод Асозода дар мавзуъи “Чеҳраи забони илму фарҳанги миллат” маърӯза кард. Вай дар бораи ҷойгоҳи устод Асозода дар олами пажуҳишҳои адабӣ суҳбат кард ва гуфт осори пажуҳишии устод мондагор аст ва аксари китобҳои ӯ дастури беҳтарини адабӣ барои донишомӯзони кишвар хоҳад буд.
Хотираҳои худро дар бораи устод Асозода Нависандагони халқии Тоҷикистон Саттор Турсун ва Кароматуллоҳи Мирзо, Ҷӯрабек Назрӣ, профессор Сайфиддин Назарзода, Ато Мирхоҷа ва дигарон нақл карданд.
Худойназар Асозода аз чеҳраҳои мондагори илму фарҳанги кишвар аст. Даҳҳо таълифоташ имрӯз барҳақ китоби дарсӣ барои донишомӯзонро мемонанд. Бахусус, таҳлилу пажуҳишҳои фарогираш дар бораи зиндагинома ва осори поягузори адабиёти навини тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ хеле арзишманд ва муфиданд.
Охирин китобе, ки баъди марги нобаҳангомаш рӯйи чоп омад, биниши нав ба таърихи адабиёти муосир буд. Ин таърихнома бидуни шак беҳтарин ва пурарзиштарин китобе хоҳад буд, ки оянда муҳаққиқон бидуни ба назар гирифтани он наметавонанд таърихи садсолаи охири адабиёти тоҷикро таҳлил кунанд.