Маҳфили «Дар сўҳбати адиб» ба 70 –солагии зодрўзи Аскар Ҳаким
Нашр шуд 2016-10-27 16:12
Маҳфили навбатии “Дар суҳбати адиб” бо ҳузури гарми Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким баргузор шуд. Адиби маъруф ин рӯзҳо ҳафтодумин баҳори умрашро ҷашн мегирад.
Маҳфил рӯзи 26-уми октябр дар толори “Ошёни булбулон”-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор шуд.
Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Сайфиддин Назарзода меҳмони олиқадрро шодбош гуфт ва ӯро ба муносибати 70-умин солгарди умраш муборакбод кард. Дар бораи саҳми Аскар Ҳаким дар рушти адабиёт, танқиди адабӣ сухан гуфт ва иброз дошт, ки адиби маъруф ҳамзамон яке аз мунаққидони пухтакори тоҷик аст, ки дар нақди осори муосиронаш даҳҳо мақолаву китобҳо таълиф кардааст.
Профессор Сайфидди Назарзода ҳамчунин гуфт, ки устод Аскар Ҳаким муддати бештар аз 40 сол аст, ки эҷод мекунад ва ҳар шеъру асари ӯ порае аз зиндагиномаи миллат аст.
Шоир Муҳаммадалии Аҷамӣ зимни суханронӣ хотироташро аз рӯзгори шоир нақл кард ва гуфт, ки Аскар Ҳаким бидуни шак яке аз барҷастатарин чеҳраҳои адаби кишвар мебошад.
Пажуҳишгари тоҷик Ҷамолиддин Сайидзода низ зимни баромади худ паҳлуҳои гуногуни эҷодиёти шоирро таҳлил кард.
Аскар Хаким - Ҳакимов Аскар Олимович - Шоири халқии Тоҷикистон, тарҷумон, мунаққид, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рўдакӣ, «Ходими шоистаи фарҳанги Тоҷикистон»10 октябри соли 1946 дар деҳаи Румони Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 1967 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуда, дар Кумитаи телевизион ва радиои тоҷик ба сифати муҳаррир ба кор шурўъ намудааст.
Солҳои 1969-1972 дар аспирантураи Донишгоҳи давлатии шаҳри Маскав таҳсил кардааст ва дар мавзўи «Ворисони таърихӣ ва навпардозиҳои шоирона» рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст.
Солҳои 1974-1978 вазифаи муовини сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ»- ро ба уҳда доштааст. Соли 1980 сардабири рўзномаи «Маданияти Тоҷикистон» таъин шуд. Ин ҳафтанома соли 1983 номи «Адабиёт ва санъат»-ро гирифт.
Чандин сол Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Аксар мақолаю тақризҳои Аскар Ҳаким дар мавзўи анъана ва навоварӣ дар шеъри муосири тоҷик таълиф ёфтаанд. Дар таълифоташ ба тасвири симои маънавии инсон дар адабиёт бештар диққат додааст. Дар бораи Раҳим Ҷалил, Аминҷон Шукуҳӣ, Муъмин Қаноат, Шарифҷон Ҳусеёнзода, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир портретҳои адабӣ навиштааст.
Соҳиби чандин маҷмуъаи шеърҳову достонҳо ва нақди адабист.