Пешвои миллат ва илми тоҷик

Тоҷикистон…Ин хок ва ин мардум таърихи тўлоние доранд. Аз ҷангу ҷидолҳои харобиовар, тохту тозҳои аҷнабиён истисмор ва ҳазорон кулфати дигар мардуми он  ба муборизаи табақавӣ  бархоста буд. Дар ин диёр осоиш ва оромиш аҳъён—аҳъён қоим мегашту бас. Искандари Мақдунӣ, ки ними ҷаҳонро тасхир  карда  буд,  дар ин диёр ба муқобалаи сахти бохтариҳо рӯ ба рӯ шуд.
Урдуи Чингизхон шаҳрҳоро ба тамом сўхта, ёдгориҳои тамаддуни башарӣ ва бузургтарин меъмориҳои миллатро несту нобуд кард. Ҳазорон хонҳову амирони бузургу кӯчак ба қаламрави аҷдоди мо ҳамла мекарданд ва ҳар кадоме як пора тамаддуни моро ба хок ҳамвор мекард. Душманони ин миллат асосан бодиянишиноне буданд, ки хабаре аз фарҳанг ва ободӣ надоштанд.
Ҳокиме мерафту дигаре  меомад, аммо  халқ,  халқе, ки чархи  таърихро мегардонад, нодор, беҳуқуқ ва дар уқубат буд. Борҳо  ранҷбарон  ба ҳақталошӣ бархоста буданд.  Аммо  онҳоро  иттифоқу  иттиҳод  набуд. Танҳо Инқилоби Кабири Уктобер роҳи тоҷиконро мунаввар сохт.  Тоҷикистони асрҳо орзўманди озодиву истиқлол дар Иттифоқи бародаронаи халқҳои Иттиҳоди Шўравӣ ҳамчун узви  баробарҳуқуқ зиндагии тоза сар кард. Тоҷикистон гул – гул шукуфт замину замон  гул  кард. Шаҳрҳо обод шуданд, деҳаҳо обод ва саҳроҳо шодоб гаштанд. Олимони Тоҷикистон  ҳамеша комьёбиҳои илмии худро дар ҳаёт ба кор мебурданд.
Боре президенти Академияи илмии Тоҷикистон, шодравон  Муҳаммад Осимӣ гуфта буд: «Одатан, барои равнақи чунин илмҳои дақиқ ба монанди биофизикаи  растаниҳо, асторфизика, тиб риёзӣ  ва монанди инҳо  даҳсолаҳо  заҳмат кашидан даркор аст, вале олимони тоҷик дар муддати  кўтоҳ  ба комёбиҳои арзанда  ноил  гаштанд.  Пешрафти илми тиб дар Тоҷикистон хоҳ – нохоҳ  ба хотири кас авлодони Синои бузург будани ин мардумро  меорад. Абу алӣ ибни Сино ҳамчун  ҳаким дар тамоми олам машҳур аст ва асари ҷовидона ў « Ал- қонун- фи- тиб», китоби сеюме буд, ки дар Аврупо  пас аз кашфи  дастгоҳи чопӣ  интишор  сохтаанд. Ин китоби фарзанди халқи тоҷик  то асрҳои  ХУ111 дастури  рўи  мизии табибони Шарқу Гарб  буд ва танҳо  ба  забони  лотинӣ  дувоздаҳ маротиба  чоп шудааст”.
Имрўз саҳми олимони тоҷик ба илми ҷаҳонӣ кам нест. Номи таърихшноси маъруфи  тоҷик, академик Бобоҷон Ғафуровро олимони бисьёр кишварҳои олам ба забон мегиранд. Бесабаб нест, ки симпозиуми  онвақтаи  байналхалқии илмӣ  доир ба омўхтани таърих ва маданияти давраи кўшониён бо ташаббуси  ЮНЕСКО маҳз дар шаҳри Душанбе, дар ватани авлодони кўшониёни қадим барпо гардид, ки саҳми академик Бобоҷон Ғафуров дар ин самт беназир буд. Академик Бобоҷон  Ғафуров  дар китоби худ «Тоҷикон» навиштааст : «Тамоми осори маънавӣ ва мадание, ки дар тўлиҳазорҳо сол башарият бо таҷрибаи таърихӣ ҷамъиятӣ бардоштааст, асари фаъолияти моддӣ, илмӣ  ва бадеии инсоният, дониши тоза  ва ақоиди пешқадами он, афгори гуногуни он, яъне томоми  мероси  ирфонии вай  ба маънои васеъи  умумиинсонии ин мафҳум василаи бузурги тағъири кулли  ҷамъияти имрўза  хоҳад буд».
Академияи  Илмҳои Чумҳурии Тоҷикистон дар муддати тўлонӣ фаъолияти илмӣ ва пажўҳиширо дар ҷумҳурӣ танзим ва ҳамоҳанг месозад. Дар муассисаҳои пажўҳишӣ ва омўзишгоҳои Академияи  илмҳо  тақрибан се ҳазор донишмандон ва пажўҳишгарон ба ҳаллу фасли масъалаҳои  ҳалталаби  риштаҳои таърих, иқтисодиёт, риёзиёт, тиб, заминшиносӣ, филологӣ, забоншиносӣ  ва ғайра машғул ҳастанд.
Ноамниҳои солҳои аввали истиқлол зарбаи ҷонкоҳе ба илми тоҷик ҳам зад. Даҳҳо нафар олимони саршинос аз набудани амният кишварро тарк карданд, пажуҳишгоҳҳо ҳарчанд фаъол буданд, вале наметавонистанд ба иллатҳои гуногун даст ба кушоишҳои илмӣ зананд. Хатари пароканда  шудан ва аз байн рафтани маркази асосии илми мамлакат- Академияи илмҳо  вуҷуд дошт. Дар чунин лаҳзаҳои ҳассос сарфи назар аз шароити хеле мураккаби сиёсии вақт аз ҷониби Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенети Чумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раёсати Акадеияи илмҳо ташриф овард ва бо олимони барҷастаи кишвар гуфтугўи  самимӣ доир кард, андешаҳои онҳоро дар бораи мушкилоти рушди илм гӯш кард, бо ҳамагон дар як муколамаи озод роҳҳои бурунрафт аз ин вартаро пайдо кард. Қарор шуд, ки илми тоҷик бояд рушд кунад, ҳукумат бояд ниҳодои заъифшудаи пажуҳиширо тақвият ва сармоягузорӣ кунад.
Аз вақт ба инҷониб шояд даҳҳо тарҳҳои бунёдӣ барои рушди илм дар кишвар амалӣ шуданд ва ҳамаи ин тарҳҳо бе маблағ намешуданд. Ҳукумати кишвар ҳама талошҳоро анҷом дод, то роҳи ҳалли мушкилро пайдо кунад. Тадриҷан пул ҳам ёфт шуд, олимони рафта ҳам ба тадриҷ баргаштанд.
Пешвои миллат дар ҳама суханрониҳои худ ба рушди илм таъкид мекунад ва ин беҳуда нест. Бе илм наметавон кишварро аз буҳронҳои гуногун наҷот бахшид. Гузашта аз ин ин миллат дар гузашта маҳз бо тамаддун ва илми пешрафтааш, бо нобиғаҳояш машҳур буд. Акнун бояд он шараф ба мамлакат ва ягона кишваре бо номи Тоҷикистон баргардад.
Ин аст, ки ҳукумат бо дастури Пешвои миллат барномаҳои зиёди рушди амалии илм дар кишварро таҳия ва татбиқ мекунад.
Дар оғоз мо аз таърих ёдовар шудем. Омўхтани таърих танҳо барои донистани  гузашта нест, балки ин барои шукуфоии  фардои ҳар як миллату давлат зарур аст. Яъне, миллат бояд аз гузаштаи худ сабақ бигирад ва ояндаи худро барномарезӣ кунад.





Моҳира Бахшова,
Сардори Шуъбаи абонементи
байни китобхонаҳо