Саёҳат дар дохили Китобхона: Бо кӣ ба куҷо?
Кормандони Шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ дар чаҳор самт фаъолият мебаранд. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти кори шуъба ин саёҳат дар дохили Китобхона мебошад. Яъне, тарғиби фаъолияти китобхона тавассути ВАО, сайёҳат бо пешниҳоди маълумот барои меҳмонон дар дохили китобхона, ташкил ва мусоидат дар баргузории кулли чорабиниҳо ва ташкили намоиши китобҳо дар мавзўҳои мухталиф мебошад. Бояд зикр намоем, ки дар як сол ду маротиба дарҳои боз дар Китобхона доир мегардад. Дар ин вақт кормандони шуъба бо ёрии дигар кормандон меҳмононро ба гуруҳҳо тақсим намуда, ба онҳо китобхона ва шуъбаҳои онро нишон медиҳанд.
Метавон гуфт, саёҳат барои тарғибу ташвиқи китобу китобхонӣ дар байни хонандагони макотиби миёна ва аҳолии мамлакат азамияти хосаи фарҳангӣ дорад. Тўли соли 2015 кормандони шуъба барои 5559 нафар намояндагони корпусҳои дипломатӣ, меҳмонони дохиливу хориҷӣ ва донишҷўёну мактабиён 421 саёҳат ташкил карданд, ки назар ба соли 2014 меҳмонон 2785 нафар зиёдтар мебошанд. Инчунин, дар шаш моҳи аввали соли равон ба 7825 нафар меҳмононро бо фаъолияти Китобхонаи миллӣ ошно кардаанд. Ва дар ин муддат кормандони шуъба барои меҳмонон 396 экскурсия ва 7825 нафарро бо фаъолиятҳои китобхона ошно сохтаанд.
Маврид ба тазаккур аст, ки сайри Китобхона ва муаррифии он барои меҳмонон ва хонандагони нав ҷузъе аз ин таблиғот дониста шудааст. Яъне, афрод ба китобхонӣ таблиғ мешаванд, барои ин онҳоро аз толор ба толори дигар сайр медиҳанд ва толорҳоро муаррифӣ мекунанд, то хонандаи нав бидонад, ки аз куҷо чиро хоҳад хонд, кадом толор чӣ низом дорад, Китобхона чӣ имконияҳо дорад ва ғайраву ҳоказо.
Муаррифии Китобхона: Аз куҷо то куҷо?
Мо аввал меҳмонони худро хайрамақдам мегӯем, тибқи одоби шақиву тоҷикӣ ва баъдан ба бахши сабти ном мебарем ва мегӯем, ки ин бахш тобеи шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариёни Китобхона буда, ҳаққи аъзо шудан 10 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, ҳар нафаре, ки аъзои китобхона шуд, метавонад муддати 3 сол аз тамоми шуъбаву марказ ва толорҳои Китобхона, ки ба ў дахл дорад, ройгон истифода намояд.
Баъди шиносоӣ аз бахши бақайдгирӣ меравем ба шуъбаи шахсони дорои имконияташон маҳдуд. Шуъбаи мазкур наздик аз 3000 ҳазор китобҳои бадеиву омўзишӣ зиёда аз 500 нусха китобҳои брайлӣ дорад. Аллакай зиёда аз 600 нафар дар ин шуъба аъзо мебошанд. Дар шуъба 6 адад компютер мавҷуд аст, ки бо барномаи “Ҷовс” барои нобиноён таъмин мебошад. 3 адади ин компютерҳо бо шабакаи интернетӣ пайвастанд.
Дар ин шуъба маҳфилҳои: «Равшандилон», «Зиндагӣ бидуни маҳдудият» ва «Китоб манбаи маърифат» гузаронида мешавад, ки дар он хонандагони доимии мо аз литсей-интернати касбии махсуси маъюбон, донишҷўёни мактабҳои олӣ, ҷамъияти нобиноён ва шавқмандоне, ки табъи шоирӣ доранд ва шеър менависанд ё нависандагӣ мекунанд, иштирок менамоянд.
Баъдан, меравем ба толори кўдакон ва наврасон. Дар ин толор хонандагони хурдсол шурўъ аз синни 5 сола то синни 16 сола имкони дастёбиро ба манобеи чопӣ ва электронии фондҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва дигар китобхонаҳову марказҳои иттилоотии ватаниву хориҷӣ пайдо намуданд. Бояд қайд намуд, ки толор дорои 45 ҷойи нишаст буда, 15-тои онҳо худкор мебошанд. Барои хонандагони синни томактабӣ ҳуҷраи махсус ҷудо карда шудааст. Тавассути барномаҳои маърифатии компютерӣ дарсҳои омўзиши ҳарфҳо, маҳфилҳои расмкашӣ ва дигар машғулиятҳои шавқовар баргузор мегарданд, ки дар маҷмўъ барои инкишофи майлу рағбати китобхонии хурдсолон мусоидат менамоянд. Ин шуъба маҳфилҳо ҳам дорад, ки яке аз он “Дастони моҳир” мебошад. Дар ин маҳфил хонандагон дар ин ё он мавзуъ расм мекашанд ва ё чизе месозанд. Ҳамчунин сари чанд вақт бо адибони кӯдакнавис низ хонандагон мулоқот мекунанд.
Хониши электронӣ, толори феҳрист...
Пас раҳ пай мегирем ҷониби шуъбаҳои дигар. Меҳмононро ба ошёнаи дуюм мебарем. Дар он ҷо онҳоро нахуст аз толори хониши электронӣ, ки дар тарафи дасти рости ошёнаи дуюм ҷой гирифтааст, шинос менамоем. Ба онҳо ёдовар мешавем, ки толори хониши электронӣ дорои 175 ҷойи нишаст буда, аз ду қисмат иборат аст. Қисмати тарафи дасти рост барои кўдакону наврасон ҷудо гардидааст. Кўдакон баъди аъзо шудан метавонанд ба ин толор омада, китобҳои бадею ҳар гуна афсонаҳои ҷолибу хонданиро бо се забон: русӣ, тоҷикӣ ва инглисӣ мутолиа намоянд. Ҳамзамон, асарҳои Садриддин Айнӣ аз қабили: «Ёддоштҳо», «Марги судхўр», «Мактаби кўҳна», «Одина», «Дохунда» ва «Ятим» -ро мутолиа намоянд. Дар қисмати дуюм, ҷой барои хонандагони синни болоӣ пешбинӣ гардидааст. Компютерҳо бо интернети баландсуръат муҷаҳҳаз гардида, истифодабарандагон метавонанд аз ин толор истифода намоянд.
Сипас, роҳи мо ба сӯйи «толори феҳрист» идома пайдо мекунад. Сараввал сайёҳонро аз каталогҳо шинос мекунем. Баъзеҳо аслан намедонанд ва надидаанд, ки каталог чисту барои чӣ лозим аст. Мо ба таври мухтасар дар бораи каталогҳо ва толори феҳрист маълумот медиҳад. Аз ҷумла, дар толори феҳрист ду намуди феҳристҳо амал мекунад. Феҳристи анъанавӣ ва феҳристи электронӣ. Тарзи истифодабарии феҳристҳо аз ду намуд: алифбоӣ ва соҳавӣ иборат мебошанд. Феҳристи электронӣ барои фавран ҷустуҷў намудани номгўи китобҳо хеле муфид буда, аммо на ҳамаи китобҳо ҳанўз ба феҳристи электронӣ ворид карда шудаанд.
Вақте меҳмонон аз ин толор дидан намуданд, меравем барои аз наздик дидани толори хониш. Дар роҳраве, ки толори хониш ҷой гирифтааст, меҳмонон ба аксҳои дар деворбуда дида медўзанд. Зеро он аксҳо дар рўзи ифтитоҳи Китобхонаи миллӣ гирифта шудаанд. Пас, ҳар нафаре, ки саёҳат мегузаронад, меҳмононро дар он ҷо сарҷамъ меовараду аз таърихи аксҳо нақл мекунад. Масалан, агар саёҳаткунандагон донишҷуён ва ё хонандагони мактаб бошанд, аввал аз онҳо суол мекунем, ки «Кадоме аз шумо дар бораи ифтитоҳи кушодашавии Китобхонаи миллӣ чизе медонед?» Пас ҳар нафаре фикри худро мегўяд. Баъд раҳнамо аз рўзи ифтитоҳ то имрўзи китобхона ба таври мухтасар нақл мекунад. Масалан, ба аксе, ки хишти аввали бинои Китобхонаро худи сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта истодаанд, шуруъ мекунем. Ин аксе, ки мебинем, акси таърихӣ буда, хишти авали бинои Китобхонаи миллиро худи сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 4-уми сентябри соли 2007 гузоштаанд. Вақте, ки хишти аввали бино гузошта шуд, тамоми устоҳои чирадасти кишвар аз тамоми манотиқи кишвар ва берун аз он ҷалб гардиданд барои сохтани бинои Китобхонае, ки мову шумо қарор дорем. Ва ҳамон рўзро «Рўзи Китоб» эълон намуданд. Тўли 4 солу шаш моҳ сохтмони Китобхона идома дошт. Ва ниҳоят, 20 –уми марти соли 2012 дар арафаи ҷашни Наврўзи байналмилалӣ бо ҳидояти сарвари давлат Китобхона кушода шуд. Яъне, лентаи рамзии биноро ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буриданду худ бевосита аз тамоми шуъбаву марказҳои Китобхона дидан намуданд.
Бояд гӯем, ки Китобхона дорои 25 толори хониш барои 1500 ҷойи нишаст, 28 маҳфузгоҳ барои нигоҳдории 10 миллион китоб ва дигар навъҳои асноди иттилоотӣ, 9 маҷлисгоҳ ва толори баргузории ҷаласаву конфронсҳо барои 1200 ҷойи нишаст, 3 толори намоишгоҳи китобҳо, 36 шўъбаву марказҳо мебошад ва 518 воҳиди корӣ дорад. Дар Китобхона гўшаву марказҳои забономўзӣ амал мекунанд. Аз ҷумла, гўшаи фарҳангии Ҷумҳурии Олмон, гўшаи фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон, гўшаи фарҳангии Ҷумҳурии Халқии Чин, гўшаи фарҳангии Шоҳигарии Арабистони Саъудӣ таъсис ёфтанд. Китобхона бо 23 китобхонаи 21 давлати ҷаҳон доду гирифт дорад. Аз ҷумла, бо китобхонаҳои бузурги ИМА (Китобхонаи Конгресс ва Китобхонаи Донишгоҳи Калифорния), Бритониёи Кабир (Китобхонаи Донишгоҳи Оксфорд), Ҷумҳурии Олмон (Ҷамъияти илмӣ, Китобхонаи давлатӣ ва Китобхонаи Донишгоҳи Гумболд), Фаронса (Китобхонаи миллӣ), Лаҳистон (Китобхонаи халқӣ), Маҷористон (Китобхонаи миллӣ, Китобхонаи Академияи илмҳо), Булғористон (Китобхонаи миллӣ), Славакия (Китобхонаи миллӣ), Эрон (Китобхонаи миллӣ, Китобхонаи илмӣ-техникӣ), Ҷопон (Китобхонаи миллӣ, Китобхонаи Донишгоҳи Тахо-Хоккайдо), Вйетнам (Китобхонаи миллӣ), Чин (Хонаи илмӣ), Туркия (Китобхонаи миллӣ), Ҳинд (Китобхонаи миллӣ).
Ҳузуре дар толори хониш, вуруд ба матбуоти даврӣ
Ва баъд ба толори хониш меравем. Толори хониш яке аз толорҳои калидии китобхона ба ҳисоб меравад. Дар ин толор зиёда аз 250 ҷойи нишаст мавҷуд буда, яке аз калонтарин шуъбаҳои Китобхонаи миллӣ ба ҳисоб меравад. Ин шуъба хонандагонро ба узвияти Китобхонаи миллӣ мепазирад ва ҳамаи дархостҳои онҳоро қабул ва раҳнамоӣ мекунад.
Аз тариқи ин шуъба хонандагон ба истифодаи адабиёт аз фонди умумӣ дастрасӣ пайдо мекунанд. Тавассути феҳристи анъанавӣ ва электронӣ дар бораи захираҳои фонди шуъба маълумот дастрас менамоянд.
Кормандони шуъба ба хонандагон дар мавриди пайдо кардани адабиёти мавриди назарашон маълумоти шифоҳӣ медиҳанд ва онҳоро раҳнамоӣ мекунанд. Реҷаи корӣ аз соати 8:00 то 20:00, аммо шурўъ аз моҳи сентябр аз соати 8 –и субҳ то соати 10:00 –и шаб ҳамарўза бе рўзи истироҳат ин шуъба ва ин толор фаъол аст. Танҳо моҳе як маротиба, душанбеи охири ҳар моҳ Китобхона рўзи низофат (санитарӣ) дорад, ки ҳамон рўз хонандагонро қабул намекунад.
Аз толори хониш берун мешавем ва меравем ба ошёнаи сеюм. Нахуст чизе, дар ин ошёна ба чашми мо аён мешавад, ин мусаввараи таърихӣ мебошад, ки онро мусаввир Сабзалӣ Шариф дар давоми 20 соли фаъолияташ тасвир намуда, пас он ба Китобхонаи миллӣ тақдим намудааст. Мусаввараи таърихӣ аз таърихи пайдоиши давлати тоҷикон то ба имрўзи давлати тоҷиконро қисса мекунад. Раҳнамо ба сайёҳон дар бораи ин мусаввара ҳикоят мекунад. Ў бояд мусаввараро чунин тасвир намояд, ки тамошокунанда ба умқи манзара фурў равад.
Сайри мо дар китобхона идома мекунад ва мо бо лифт боло мешавем то ошёнаи чорум. Нахуст хонандагонро бо шуъбаи матбуоти даврӣ ва аввал ба рўзномаву ҳатфанома ва маҷаллаҳои рӯйи миз ва рафҳову ғурфа гузошташуда таваҷҷуҳ мекунем ва мегӯем, ки инҳо нашрияҳои тозачопанд, ки шумо метаовнед худ бигиред ва бихонед. Бояд гўем, ки соли 2015 11 ҳазору 156 нафар дар шуъбаи матбуоти даврӣ рӯзномаву маҷалла мутолиа кардаанд. Ин дар қиёс ба як соли пеш 4489 нафар бештар будааст.
Кормандони шуъба дар фонди пўшида рўзномаҳои бо забони тоҷикӣ ва русӣ нашршударо санҷида, аз рўйи феҳристи алифбоӣ ҷобаҷогузорӣ карданд. Корҳои ташхисӣ дар фонди пўшидаи шуъба ҷараён дошта, бастаҳои рўзномаҳо барои муқовабандӣ омода гардидаанд.
Барои таъмини талаботи рўзмарраи хонандагон ҳар ҳафта 47 номгўй рўзнома бо забони давлатӣ, 19 номгўй маҷаллаҳои дохилӣ, 6 номгўй рўзнома бо забони русӣ ва 55 номгўй маҷаллаи хориҷӣ қабул гардида, бо рақамгузории махсуси библиографӣ ба фонди шуъба ворид карда шуд, ки дар маҷмўъ 12363 нусхаро ташкил медиҳад.
Мураттаб намудани “Донишномаи матбуоти тоҷик” ҷараён дошта, то ҳол маълумотномаи энсеклопедии 100 номгўи нашрияҳо таҳия шудаанд. 44 шумораи аввалин рўзномаи тоҷикӣ-“Бухорои шариф” баргардон ва бо шакли электронии ворд гардонида шудааст.
Адабиёти хориҷӣ, фарҳанг ва ҳунар
Дар шуъбаи хориҷӣ ва толори хониши он сайёҳон аввал аз намоиши китобҳои 16 давлат дидан мекунанд. Пасон, онҳоро сарҷамъ намуда, дар бораи шуъбаи мазкур маълумоти мухтасар медиҳем. Шуъбаи адабиёти хориҷӣ яке аз шуъбаҳои асосии китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бояд инро қайд намуд, ки шуъбаи адабиёти хориҷиро метавон китобхонаи хурд дар дохили китобхонаи бузург номид. Фаъолияти Шуъбаи адабиёти хориҷӣ – яке аз самтҳои асосии кори Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, барои дар сатҳи байналмилалӣ баланд бардоштани мақом ва мустаҳкам кардани ҳамкории фаъолияти китобдории муосири ҷаҳонии Китобхонаи миллии Тоҷикистон равона карда шудааст. Айни замон фонди умумии шуъбаи адабиёти хориҷӣ дорои 90000 нусха китоб ва маҷалларо бо 42 забони ҷаҳон ташкил медиҳад. Яке аз муҳимтарин сарчашмаҳо, сарчашмаи мубодилаи байналмилалии китоб ба шумор меравад. Шуъбаи адабиёти хориҷӣ бо 22 давлати ҷаҳон робитаи байнанмилалии китоб дорад. Инчунин шуъбаи адабиёти хориҷӣ воридоти мактуб ва содироти мактуб, воридоти манобеъи электронӣ, диҳиши маълумоти хаттӣ ва шифоҳӣ ва инвентаризатсияи рақамиро иҷро мекунад.
Баъдан меравем ба шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар. Дар Шуъбаи адабиёти фарҳанг ва ҳунар беш аз 63200 нусха нашри нотаҳо ва беш аз 5000 нусха осори мусаббат нигоҳдорӣ мешаванд. Дар коллексияи нашрҳои мусиқии шуъба ҷойи муҳимро асарҳои оҳангсозони хориҷӣ (беш аз 3700 нусха), аз ҷумла Бах, Дебюсс, Моцарт ва бисёр дигар истеъдодҳои барҷаста ишғол намуда, бештар мавриди истифода қарор мегиранд. Шуъба дар бунёди фонди электронии асарҳои оҳангсозон ва мусиқашиносони тоҷик ва фонди ҳуҷҷатҳои мусаббат, ки фарогири мероси мусиқии халқи тоҷик мебошад, саҳм гирифта, беш аз 1000 гуфторҳои савтии осори классикон ва адибони муосир, суруду оҳангҳои классикӣ ва халқиро ҷамъоварӣ намуд. Шўъба дорои толори хониш бо 45 ҷойи нишаст ва толори ҳуҷҷатҳои мусаббат бо 35 ҷойи нишаст мебошад, ки бо компютер ва барномаи махсус бо мақсади истифодаи маводи савтӣ ва тамошои видеофилмҳо таъмин карда шудаанд. Шуъба дар як сол ду маротиба дастури библиографии «Адабиёти нав доир фарҳанг ва ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро нашр менамояд.
Поёни саёҳат
Агар сайёҳон бо мактуб яъне расман барои дидан намудан аз Китобхона омада бошанд, пас онҳоро аз осорхонаи дастхатҳои шарқ ва китобҳои нодири Китобхона низ шинос менамоем. Агар сайёҳон бидуни мактуб омада бошанд, пас саёҳати мо дар ҳамин ҷо ба поён мерасад. Сайёҳон агар аз 15 нафар зиёд бошанд, онҳоро ба ду гурўҳ ҷудо намуда, ба воситаи лифтҳо ба поён яъне ба ошёнаи якум меравем ва бо изҳори ташаккур аз қудумашон онҳоро гусел мекунем.
Хеле ҳолатҳое буданд, ки баъзе аз онҳо фавран узви китобхона шуданд ва тадриҷан аз фаъолтарин хонандагони ин боргоҳи маърифат гардидаанд
Фарзона Мирзоева
мутахассиси шуъбаи тарғиб ва
баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ