Бозомўзии китобдорони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон

Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,
То тавонӣ, рўй бар ин ганҷ неҳ.
Абуабдуллоҳи  Рўдакӣ

Дар ҳақиқат, устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ омўзи­ши фарҳангро на танҳо барои насли имрўза зарур, балки дар оянда ба он эҳтиёҷ доштан ва омўхтани инсонҳоро низ таъкид кардааст. Фарҳанг, ки аксандози маънавиёти инсон ва маҳсули тафаккури одамист, дар навиштаҳо ифода меёбад. Навиштаҳо аз қадим муқад­дасанд, зеро зарра-зарра ба ҳам омада ҷилдҳои китоб­ҳоеро тартиб додаанд, ки дар онҳо таъриху иҷти­моиёт, иқтисодиёти мо ва би­лохира, тамоми бурду бохти мо сабт гардидаанд. Ва махзане, ки тамоми ин навиштаҳоро гирд овардаву маҳфуз медорад, даргоҳи муқаддастарин аст.

Миллати сарбаланди тоҷик ба китобдорию китобхонӣ аз қади­мулайём арҷ мегузошт ва қаламу дафтару девонро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт менамуд, барояш китоб бонги бедорию ҳушёрӣ буд. Тоҷикон онро беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, сарчашмаи ақлу хирад, омўзгори беминнат мешуморанд, «аниси кунҷи танҳоӣ» ва «фурўғи субҳи доноӣ» медонистанд. Баъди барҳам хурдани Иттиҳоди Шуравӣ ва аввалин солҳои Истиқлолияти давлатӣ вазъу шароити китобхонаҳо дар  ҷумҳурӣ вазнин шуд. Вобаста ба тараққиёт ва пешрафти босуръати илму техника ва технологияи муосир китобдорони китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаклу услуб­ҳои нави хизматрасонӣ ва истифодаи навгониҳои технологияи муосир ниёз пайдо намуданд. Сиёсати кадрии соҳаи китобдорӣ тақозо мекунад, ки имрӯз таваҷҷуҳ ба омода намудани мутахассисони вобаста ба талаботи замона ҷавобгӯ равона карда шавад.

Дуруст аст, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ мушкили кадрҳои соҳаи китобдорӣ роҳи ҳалли худро пайдо карда истодааст, вале ин масъала, ки ҳоло ҳам баъзе афроди ғайрикасбӣ кормандони китобхонаҳо мебошанд, чун мушкил боқӣ мондааст. Ин буд, ки  аз ҷониби Маркази такмили ихтисоси Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз 18 то 27-уми июли соли 2016 курси кутоҳмуддати омӯзишӣ таҳти унвони «Фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ» таҳти роҳбари муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов дар ҳайати муовини директори Китобхона Салима Раҷабова, Сармутахассиси медиотекаи Президентӣ Гулсуной Шарипова, Садори шуъбаи хизматрасонии библиографӣ Ҷамил Валиев ва сардори раёсати муассисаҳои фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ғуломзода дар Китобхонаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон  ба номи устод Рўдакӣ ташкил карда шуд.

Дар рафти фаъолияти ин курс зиёда аз 40 нафар  намояндагони тамоми минатқаҳои ВМКБ ба ғайр аз ноҳияи Мурғоб иштирок намуданд. Рафти барномаи курси кутоҳмуддат аз қисматҳои зерин иборат буд:

Санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ оиди соҳаи китобдорӣ ва рушди фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон;
Фароҳамоварӣ ва такмили  фонди китобхона;
Дастгоҳи маълумотдиҳӣ- библигорафии китобхона;
Захираи нашриҳои маълумотдиҳӣ ва библиографӣ;
Системаи феҳрестҳо намуд ва шаклҳои он;
Хадамоти маълумотдиҳӣ-библиографӣ;
Истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ дар фаъолияти китобхонаҳо;
Ташкили китобхонаҳои электронӣ;
Ҳуҷҷатнигорӣ дар фаъолияти  китобдорӣ;
Маркетинг ва менеҷменти  фаъолияти китобдорӣ;
Услуби таҳияи дастурҳои методӣ ва библиографӣ.

Дар анҷоми курс иштирокчиён бо «Сертификат»-и  Муассисаи давлати Китобхонаи миллии Тоҷикистон  сазовор гардиданд.
Ҳадафи амалӣ гардидани ин курси кутоҳмуддат баҳри пешрафти фаъолияти китобхонаҳо ва омода намудани мутахассисони соҳибтаҷриба мутобиқ  дар  шароити замона мебошад.

Ҷамил Валиев,
корманди Китобхонаи
миллии Тоҷикистон.