Мужда: “Таърихи Бухоро, Хуқанд ва Қошғар” омода ба чоп шудааст

Кормандони шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон китобе бо номи “Таърихи Бухоро, Хуқанд ва Қошғар” (дар шарҳи ҳукумронии Амир Мирҳайдар дар Бухоро, Муҳаммадалихон дар Хуқанд, Ҷаҳонгирхоҷа дар Қошғар) аз хатти форсӣ ба хатти срилик баргардон кардаанд, ки рўзҳои наздик чоп хоҳад шуд.
Ин асар ба Мирзошамси Бухороӣ тааллуқ дошта, дар шаҳри Теҳрон соли 1277 ҳиҷрӣ (1860-1861 мелодӣ) дар ҳаҷми 340 саҳифаи хатти форсӣ рўи чоп омадааст.
Дар бораи ҷараёни зиндагонӣ ва осори дигар таълифкардаи Мирзошамси Бухороӣ  иттилои комиле дар даст нест. Аммо аз вожаи “мирзо” чунин бар меояд, ки нависанда дар дарбори шоҳони Манғитияи Мовароуннаҳр симмати дабирӣ дошта, аз наздик шоҳиди ҳодисаҳои ин даврон будааст.
Асари мазкур дар ду бахш таълиф шудааст, ки ҳарду бахши он дар соли 1859 мелодӣ ба поён расидааст. Бахши аввал аз фармонравоии Амир Ҳайдар оғоз шуда ва ба зикри ҳукумронони мамлакати Қошғар ба охир мерасад.
Дар бахши дуюми асар, ки аз шарҳи ҳоли Амир Шоҳмурод (1774-1800) шуруъ гардидааст, ба зикри истило ва салтанати Ҷаҳонгирхоҷа анҷом пазируфтааст.
Ин асар воқеан дар таърихшиносии тоҷик ва умуман дар илмҳои ҷомеашиносии муосири ватани азизамон як падидаи муҳими нотакрор маҳсуб мешавад.
Шаҳрҳои Бухоро, Хуқанд ва Кошғар, ки дар таърихномаҳо аз онҳо ба ифтихор ёд шудааст, аз ҷумлаи шаҳрҳои мутамаддин дар мамомолики шарқи исломианд. 

Раҷабалӣ ДОДИХУДОЕВ,
Сардори шуъбаи дастхатҳои
Шарқ ва китобҳои нодир

Барчаспҳо: