Абдулазиз Ашуров: “Ман маъюб нестам, ман «ТАВОНМАНДАМ»!

Ҳангоме ки вожаи маъюб ё маълул минҳайси унвоне, ки нисбат ба ашхоси бечора ва дорандаи нуқсҳои ҷисмонӣ корбаст мешавад, аз дидгоҳи банда хеле дарднок ва аламовар аст. Чунки ин ашхос дар ҷомиа на ба унвони гунаҳкор ё айбдор балки ба истилоҳи банда ин табақа бояд ба унвони «Тавонманд» баромад кунанд. Яъне табақаи ниёзманд нею табакаи «тавонманд» истифода бурда шавад. Чаро тавонманд? Дар ҳоле ки мо ин қишри ҷомеаро айбдору иллатдору имконияташон маҳдуду ва бо дигар сифатҳо ном мебарем, аммо аз лиҳози масъулиятнокӣ, иродаи сахттар аз санг, талош дар роҳи пурпечу тоби ҳаёт ва сабурию шикебоии Аюбиро дар худ тарҷеҳ медиҳанд, сарфи назар мекунем.

Ў тавони растан аз гирдоби пурпечутоби зиндагиро дорост. Даст надорад- кор дорад, пой надорад - роҳ дорад, чашм надорад - қалб дорад, гӯш надорад-  меҳр дорад, забон надорад - андешаи созанда дорад. Аз ин рў на маъюб аст, на маълул, балки ӯ «ТАВОНМАНД» аст.

Ў дар ҷодаи ҳаёт кушишу талош мекунад, ки то зиндагии шоистаеро барои худ муҳайё намояд. Бо вуҷуди бедасту пойӣ ва безабонию курӣ Ў бо ин мафкураи созанда ва виждони пок менеҷери тахассусии соҳаҳои хеш метавонад бошад.

Аз дидгоҳи ҷомеашиносӣ ашхоси маъюб қисми фаъоли ҷамъият мебошанд. Аммо дар баъзе ҳолатҳо нисбат ба ин ашхос бо диди ғайриинсонӣ муносибат мекунанд, ки ин  хеле риққатовар мебошад. Чунки ин хел муносибат кардан маънои таҳқир ва поймолкунии ҳуқуқи инсонист. Ин ашхос дорои сифатҳои олӣ, ғурури баланд, ҳуввияти миллию ватандустӣ, далерию шуҷоатмандӣ мебошанд. Аз ин гуна инсонҳо нобиғаҳо хоҳад баромад.

Бузурге мефармояд:

Бирав қавӣ бош агар роҳати ҷаҳон хоҳӣ,

Ки дар низоми табиат заиф поймол аст.

 

Ин ҳам дар ҳолест, ки маҳз бо талошу кушишҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Парлумони кишвар чанде пеш лоиҳаи Кодекси меҳнати ҶТ дар таҳрири нав қабул карданд, ки дар асоси он шароити кориву маишии маъюбонро то ҳадде таъмин менамояд, ки бисёр пешниҳоди саривақтиву боиси дастгирист. Сарфи назар аз густаришу ба тасвиб расонии қонунҳо балки таваҷҷўҳи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро нисбати маъюбон ба мақсади таъмини ҳимояи иҷтимоии онҳо, барои онҳо фароҳам овардани имкониятҳои баробар бо дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати амалӣ гардондани ҳуқуқу озодиашон, аз байн бурдани маҳдудияти фаъолияти зиндагиашон, муҳайё намудани шароити мусоид барои иштироки фаъолонаи маъюбон дар ҳаёти иқтисодӣ ва сиёсии ҷамъият, инчунин иҷрои ӯҳдадориҳои шаҳрвандиашон муайян мекунад,бетараф нагузоштааст. Бо дарназардошти камбуди ҷисмонӣ ин қишри ҷомеа нисбат ба сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар бетараф набуда, бо рўҳияи солиму ғояҳои маънавии созанда ҳамеша бо худогоҳиву худшиносии миллӣ , ободии кишвари азиз талош доранд ва талош хоҳанд кард.

Абдулазиз Ашуров,
Маъюби гуруҳи 2

Аз Идора: Абдулазиз Ашӯров дорои завқи хуби шоирӣ буда, аз ҷумлаи аъзоёни хеле фаъоли маҳфили “Равшандилон”-и Китобхонаи миллӣ мебошад. Ҳоло ин ду шеърро аз навиштаҳои ӯ ҷо медиҳем, ки ба тозагӣ ирсол кардааст.

Ватан

Сиришти ҷони мо Ватан
Шукуҳу шони мо Ватан
Биҳишти сабзи зиндагӣ
К-аз ин ҷаҳони мо Ватан

Бувад қаъдагоҳи васл
Намози ҷумла панҷ фасл
Яқин, рукуи моҳи сабз
Зи осмони мо Ватан.

Ба хок саҷда мекунам
Ба куҳ такя мекунам
Зи пастӣ, по кашидаам
Ба нардбони мо Ватан.

Сиришти ҷони мо Ватан
Шукуҳу шони мо Ватан
Биҳишти сабзи зиндагӣ
К-аз ин ҷаҳони мо Ватан.

 

Забони модарӣ

Забон созандаи фардои миллат
Забон пояндаи дунёи миллат
Забон, эй махзани фарҳангӣ воло
Калиди ганҷи беҳамтои миллат
Забоне, ки пур аз эъҷозу эҷод,
Чу рўҳе бар тани болои миллат
Забони қудсиёни арши курсӣ,
Каломи Саъдию Синои миллат