«Эпиграммы»: Хурдтарин китобе дар бойгонии Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ
Нашр шуд 2016-06-30 18:45
«Эпиграммы». Ин китоб хурдтарин китоб аз назари ҳаҷмаст, ки дар бойгонии шуъбаи депозитарии Китобхонаи миллӣ нигаҳдорӣ мешавад. Дарозии он 4,4 сантиметр ва паҳноям 3,8 сантиметр аст.
Ин аслан силсилакитобҳоест, ки беҳтарин латифаҳои ҳаҷвнигорони Британия, Олмон, Испания,Русия, Фаронса гирдоварӣкардаанд.
Силсилаи нашри «Эпиграммы» аз соли 1986 роҳандозӣ шудааст ва он аз тариқи нашриёти “Книга”-и шаҳри Москав мунташир мешавад. Ҳикояву латифаҳо, нешханду қитъаҳои ҳиҷоӣ бо ду забон мунташир мешаванд. Баргардони ҳикояҳо ва латоиф ба қалами В.Василев мутааллиқ аст ва онҳоро Вл.Новиков ва И.Кутик мураттаб мекунанд.
Ҷолиб он аст, ки кучактарин китобҳо бештар аз 200 саҳифаанд. Чунончӣ, маҷмуъи ҳаҷвияҳо аз Русия ва Фаронса дар ҳаҷми 260 саҳифа мунташир шудаанд.
Зимнан, шумори китобҳои андозаашон хурди шуъба ба 1 ҳазору 189 адад мерасанд, ки яке аз фондҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳсуб мегарданд.
Дар ин навишта намунаҳое интихоб кардаем аз қитъаҳои ҳаҷвии мардуми Испания, ки ҳоло ин ҷо мекорем:
Мушоҳида шудааст, ки зан дар зиндагӣ ду бор худро хушбахт ҳис мекунад. Яке ҳангоми шавҳар кардан ва дувумӣ ҳангоми аз ӯ ҷудо шудан.
Тирсо де Молина
Аз ҳамсар ҷудо шудану зуд оромиши худро дар издивоҷи дувум ҷустан, мисли ғута задан дар баҳри кушод баъди ғарқи киштӣ аст.
Хуан де Ириарте
Замоне ҷавони нерӯманд будам, ба ман танҳо пул намерасид. Ҳоло ки пул дорам, танҳо нерӯ намерасад.
Леон де Арроял
Машварати мӯйсафедонаи ман барои Шумо ин аст, ки ба гуфтаҳои мӯйсафедон гӯш надиҳед.
Антонио Мачадо-и-Руис
Саросема нашав! Талхиҳо одатан самараи шитобкорист. Чизе, ки хуб навишта мешавад, ҳеч гоҳ барои нашраш дер нахоҳад шуд.
Хуан Франсиско Лопес дель Плано
Ин буд чанд намуна ва шумо метавонед идомаи ин ва ҳатто беҳтар аз ин ҳикояҳои кутоҳ ва эпиграммаҳоро аз китобҳои кӯчаки Шуъбаи депозитарии Китобхонаи миллӣ бихонед. Толори шуъбаи мо дар ошёнаи чорум ҷойгир аст.
Лутф кунед, интизорем!
Азиза Баротова,
мутахассиси пешбари
Шуъбаи нигоҳдории
депозитарии КМТ