Субҳи имрӯз, 23 - уми май дар ошёнаи сеюми Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ конфронси илмӣ –оммавӣ бахшида ба Рўзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Ваҳдат – пойдевори миллат» доир гардид.
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Сайфиддин Назарзода дар сухани ифтитоҳии худ ба моҳият ва унсурҳои асосии Ваҳдати миллӣ таъкид намуд ва ёдовар шуд, ки “нуздаҳ сол қабл, яъне бисту ҳафтуми июни соли 1997 баъди музокироти тўлонӣ ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини сулҳу субот, сарҷамъии миллат ва зиндагии ороми сокинони мамлакат Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки ин санади муҳим дар таърихи навини халқамон аз ҷумлаи асноди сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз ҳамин санади таърихӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида, барои оғози рушди давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳаёти орому осудаи мардуми он шароити мусоид фароҳам овард. Дар ин рўзи саид ҳар як фарди Тоҷикистон бори дигар амиқан дарк менамояд, ки ваҳдати миллӣ барои мардуми кишвари мо то чӣ андоза азизу муқаддас мебошад.”
Дар конфронс Раиси Шўрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ дар мавзўи “Дурнамои таҳким ва ҳифзи ваҳдати миллӣ дар замони муосир” суханронӣ кард ва изҳор дошт, ки “Ваҳдати миллӣ дастоварди бузурге гардид, ки кишвари тозаистиқлоли моро аз хатари парокандашавӣ наҷот дод. Аммо он наметавонист ба тўли дарозмуддат суботу оромиро дар ҷомеа таъмин кунад, фазои мусоиди сиёсиро барои рушди устувори иқтисодию иҷтимоии мамлакат фароҳам биоварад. Ҷомеаи кишвар ба сатҳи болотари камолоти ғоявию сиёсӣ ва маънавию фарҳангӣ зарурат дошт. Ба ин хотир, дар ҷараёни таҳаққуқи оштии миллӣ аз ҷониби Президенти мамлакат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати нав, сиёсати ваҳдати миллӣ ба миён омад, ки мебоист ҷомеаи моро ба ҳамин дараҷаи нави сифатӣ бирасонад. Таъсиси ҳаракати сартосарии ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, инчунин Шўрои ҷамъиятии назди Президент, ҳарду бо иқдоми хирадмандонаи Сарвари давлатамон рўи кор омада буданд, натиҷаҳои амалии татбиқи сиёсати мазкур маҳсуб мешаванд”.
Ҳамзамон, маърўзаи роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқӣ – демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонов дар мавзўи «Омилҳои таҳкимбахшандаи Ваҳдати миллӣ», суханронии муовини фармондеҳи қувваҳои ҳарбӣ–ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоии қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои сиёсӣ – тарбиявӣ Абдурашид Холбоев «Ваҳдат-созандагию ободкорист» шунида шуд.
Дар охир дар мавзуъи мавриди назар миёни ширкаткунандагон табодули афкор сурат гирифт.