Аз силсилаи тасбеҳи рӯзгор: Китоб
Нашр шуд 2016-06-17 16:40
Зиёд иттифоқ меуфтад, ки аз ман суол мекунанд: «Ҳеҷ китоб дорӣ?».
Ва ҳар бор беихтиёр ин посух аз лабам меҷаҳад: «Китобро танҳо пайғамбарон доранд!». Ба наздикӣ дар ҷамъе ҳамин моҷаро такрор шуд ва як дӯстам, ки миёни ману ишон таоруфе нест ин бор бо дилтангӣ гуфт: «Чаро тӯтивор ҳамеша ин ҷумларо такрор мекунӣ?!».
Лозим донистам таърихчаи ин ҷумларо бигӯям, агарчи ҳамеша метарсам, ки онро мабодо сохтаи хаёлоти ман пиндоранд. Вале ин як воқеияти оддӣ, на, начандон оддӣ, будааст.
Аввали солҳои 90 буд. Пеш аз ҷангҳои дохилии Тоҷикистон. Ҳамон вақтҳо нахустин маҷмӯаи шеърамро барои чоп ба нашриёт супурда ва дар интизори чопи он будам. Солҳои авҷи китобхонӣ ва нашри китоб буд. Қафасаҳои китобфурӯшии «Тоҷиккитоб» барои китобҳое ки ба намоишу фурӯш гузошта буданд тангӣ мекард. Ҳар бор ки аз канори ин китобфурӯшӣ мегузаштам, ҳатман он ҷо медаромадам, то бубинам чӣ китобҳои тозае барои фурӯш арза шудааст. Он бор ҳам китобҳоро тамошо мекардам, ки ҳамин вақт мӯйсафеде вориди китобхона шуд. Мӯйсафед дар тан яктаҳи озодаву шинам, дар пой маҳсиву калуш ва дар сар тоқии чустӣ дошт. Хиёл мекардӣ, ки вайро барои бардоштани акси намуна аз як мӯйсафеди тоҷик ороста буданд. Вай муддате ба китобҳои чида дар қафасаҳои китобфурӯшӣ бодиққат нигоҳ карда, унвони баъзе китобҳоро бо садои хафиф ва ҳаракати лаб мехонд ва ҳамин тавр гӯё мутолиаи худро аз китобфурӯшӣ ба поён бурда, дар ҳоле ки ба наздики дари баромад расида буд, замоне чашм аз радаи китобҳо бардошту ба сақф нигоҳ кард ва бо садое, ки барои ҳамаи ҳозирон шунаво буд хитоб намуд: «Замонҳои пеш китобро танҳо пайғамбарон доштанд, ҳоло ҳама китоб доранд!» ва ба маҳзи гуфтани ин ҷумла аз китобфурӯшӣ берун шуд.
Китобфурӯш лабханде зад, муштариён бо тааҷҷуб аввал аз пайи мӯйсафед, баъд ба якдигар нигоҳ карданд. Ман аз ин саҳна ва ин хитоба моту мабҳут шуда будам. Аз зеҳнам гузашт, ки ин паёме барои ман буда бошад. Зуд берун омадам ва ба ду сӯи ҷода нигоҳ кардам. Аз он мӯйсафед асаре набуд…
Ин саҳна ҳамеша дар пеши назарам зинда ва муҷассам аст ва ин хитоб мисли сабти навор дар ёдам. Ҳар бор аз ман суоли китобамро кунанд, ин навор ба гардиш меояд ва ғайриихтиёр ҳамин посух аз лабам ҷорӣ мешавад: «Китобро танҳо пайғамбарон доранд!».
Рустам Ваҳҳоб