Мавҷуди лоиқи тафаккури – инсон ягона офаридаи табиат мебошад, ки таҷрибаи гузаштаро метавонад омўзад, аз насл ба насл расонад, ба инобат гирад ва аз он самаранок истифода намояд, то аз иштибоҳоти таърихӣ худ ва миллати хешро эмин нигоҳ дорад.
Дар ин самт муҳити маънавӣ, аллбата нақши ҳаётан муҳим мебозад. Тасаввуроти аслӣ дар бораи бунёди Ватан, Миллат, Давлати миллӣ дар заминаи ҳамин навъ дарки олам- орзуи мансубият ба сарзамини муқаддас ва ҷамъияти аз нигоҳи маънавӣ дар сатҳи баланд қарордошта, урфу одати ба худ хос ва ирсияти таърихан такомулёфтаи хеш пайдо шудааст.
Аз чунин бархўрди эътирофи мансубияти моддӣ ва маънавӣ инсон кўшидааст, ки дар ҳамбастагӣ ва якдилӣ диёри хешро дар амният, сулҳу субот ва рушду камол бинад.
Китоби С. Ятимов “Идеология ва манфиати миллӣ”, ки соле пеш чоп шуда буд ва ҳоло метавон аз Китобхонаи миллӣ низ пайдо ва мутолиа кард, ба масъалаҳои ҷаҳонбинӣ, маънавиёт ва маданияти сиёсии шаҳрвандон дар муносибат бо манфиатҳои миллӣ бахшида шудааст. Муаллиф муътақид бар он аст, ки муҳимтарин арзишҳои инсонӣ дар шакли ҷаҳонбинӣ сурат мегирад. Ин дидгоҳ дар рафтори иҷтимоии шахс зуҳур меёбад. Меъёри аслии баҳодиҳӣ ба чунин тарзи тафаккур ва рафтори иҷтимоӣ – мувофиқат кардани охирин ба таъмини амнияти миллӣ, суботи давлати миллӣ ва рақобатпазирии он дар оилаи миллатҳои пешқадами дунё маҳсуб мегардад.