Назаре ба осори экспедитсионӣ дар Китобхонаи миллӣ (солҳои 1932-1935)
Тоҷикистон чун кишвари куҳсор аз ҷиҳати захираҳои табиӣ бой мебошад. Дар водиҳо ва куҳҳои сар ба фалак кашидаи ин диёри зебоманзар боигариҳои зиёд зери он нуҳуфтаанд. Ҳудуди имрўзаи Тоҷикистон дар самти омўзиши ҷисмҳои куҳӣ борҳо аз ҷониби олимон ва татқиқотчиёни ватанию хориҷӣ дар даврони шўравӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Яке аз чунин омўзишҳо солҳои 1932 то 1935 дар ҳудуди Осиёи Миёна аз ҷумла дар қатор куҳҳо ва водиҳои Тоҷикистон бо пешниҳод ва сарварии Академияи фанҳои давлати Шуравӣ ба роҳ монда шуд. Натиҷагирӣ аз корҳои кофтуковӣ, илмӣ-татқиқотӣ, ки тўли ин солҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ба анҷом расидаанд, асосан ба соҳаи табиатшиносӣ илмҳои геология, химия, гидрология, физика, картография, география, паразитология, ботаника ва этнографияву бостоншиносӣ бахшида будаанд, ки ҳамасола дар нашрияи махсуси Акадеамияи улуми Шўравӣ бо забони русӣ зери номҳои «Таджикская комплексная экспедиция» (1932) ва «Таджикско-Памирская экспедиция» ба нашр расиданд.
Экспедитсияи фарогири точик ин экспедитсияи илмиест, ки соли 1932 аз тарафи Академияи фанҳои Шўравӣ гузаронида шудааст. Мақсади он муайян намудани имкониятҳои инкишофи қувваҳои истеҳсолии Тоҷикистон, соҳаи нави саноат, кишоварзӣ дар минтақаҳои табиию иқлимии мухталиф буд.
Яке аз дастовардҳои экспедитсияҳо ин таҳияи харитаи нави Помири шимолу ғарбӣ, мавқеъ ва баландии даҳҳо қулла ва ағбаҳои сершумор муқаррар гардиданд, маҳалҳои яхбандӣ ва пиряхҳои бузурги мамлакат татқиқ шуданд, кашфиёти азими геологӣ ба даст омад. Инчунин, мушоҳида мешавад, ки ҳангоми омўзиши ҳаматарафаи геологии минтақаҳои куҳӣ ва водиҳои Тоҷикистон маданият ва ҳаёти аҳолии маҳалӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.
Хулосаҳо ва натиҷагириҳои он корҳои илмӣ-татқиқотие, ки дар амалия татбиқ гашта, ҳамчун асари мукамал ба нашр расидаанд, дар бойгонии Шуъбаи нигоҳдории депозитарии Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар шароити хуб нигоҳдорӣ мешаванд.
Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ яке аз сохторҳои асосии Китобхонаи миллии Тоҷикистон буда, дар самти хадамоти китобдорӣ фаъолияти шуъба бар он нигаронида шудааст, ки ин пеш аз ҳама ҳифзу нигоҳдории асарҳои нодир, яъне камёфт ва иҷрои дархостҳои хонандагон мебошад.
Дар сохторҳои китобхонаҳо асосан фонди депозитариро барои нигоҳдории асарҳои кам истифодашаванда, нусхаҳои зиёдатии асарҳо ва асарҳои нодири мазмунан куҳнашуда дорои қиммати илмӣ дошта, ташкил мекунанд.
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ соли 1977 ташкил шуда, айни ҳол фонди умуии он 29566 нусха адабиётро ташкил медиҳад.
Дар шуъба маводҳо аз солҳои 1700-ум то соли 2015 нашр шуда ҳифзу нигоҳдорӣ карда мешаванд. Бояд қайд кард, ки дар фонди шуъба китобу маҷалаҳо, ҳуҷҷатҳои камистифодае, ки қиммати илмӣ доранд ва ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ бо ҳуруфоти лотинӣ ва крилӣ нашр гардидаанд, ҷой дода шудааст.
Асарҳои экспедитсионӣ доир ба Тоҷикистон ҳамчун ҷамъбасти корҳои илмӣ-татқиқотӣ бештар ба масъалаҳои захираҳои табии фоиданок: маъданҳои куҳӣ, тилло, сангҳои қиматнок, ороишӣ ва ғайра; рушди саноат ва иқтисод, масъалаҳои пахтакорӣ, саноати пахтатозакунӣ, коркарди абрешим ва маҳсулоти хоми саноатӣ; соҳаи энергетика: омўзиши пиряхҳо, кулҳо аз ҷумла кули Сарез обанборҳо, дарёҳо, ҳамчун асоси тавлидкунандаи нерўи барқ, маълумот медиҳанд.
Бояд хотирасон намуд, ки ин асарҳо қимати баланди илмӣ дошта, аз рўи таъини ҷалби хонанда ва ҳадафнокӣ ба олимон ва мутахассисоне, ки дар самтҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат, доир ба илмҳои табиӣ, таърих, тиб, бостоншиносӣ ва этнография корҳои илмӣ-татқиқотӣ мебаранд, ҳамчун сарчашмаи боэътимод метавонанд мавриди истифода карор гиранд.
Ҳачунин, барои осон намудани кори пажўҳишгарон дар поёни асарҳо нишодиҳандаҳои ёрирасони ҷуғрофӣ, мавзўӣ ва номӣ пешниҳод шудаанд, ки барои тезтар ва осон намудани корҳои кофтуковии маълумотҳо аз дохили асар кўмак мерасонанд.
Мо тасмим гирифтем хеле ба зудӣ аз муҳтавои асарҳои экспедитсионӣ муфассалтару мушаххастар маълумот ироа кунем ва бар ин назарем, ки худи паёми мавҷудияти ин гуна асарҳо дар бойгонии шуъба мавриди таваҷҷуҳи пажуҳишгарон ва умуман хонандагон қарор мегирад.
Сайзароб Надиров, мутахассиси
шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ