Вазифаи навбатӣ дар маҳфили “Дастони моҳир” сохтани ҳавопаймо буд. Аслан тифлон ба чархболу ҳавопаймо таваҷҷуҳи хоса доранд. Вақте мебинанд, ки оҳане боло меравад ва ҳатто одамону борашонро бо худ мебарад, хеле шояд ба андеша мераванд, ки он чӣ гуна сохта шудааст ва чаро оҳан мисли парранда парвоз мекунад?
Бо дар назардошти ин созмондиҳандагони маҳфил низ аввал аз атфол ин суолро карданд, ки оё онҳо медонанд ҳавопаймо чист ва ба чи кор меояд?
Ва чун пурсишу посух анҷом ёфт, барояшон вазифа дода шуд, ки ҳар кадом аз коғазу картонҳо ҳавопаймо созанд.
Дар маҳфил бештар аз 20 хонандаи хурдсоли толори хониши кӯдакон ширкат карданд ва ҳар кадом бо дарку биниши худ як ҳавопаймо сохтанд ва ба мураббӣ нишон доданд.
Маҳфил ин бор низ ҳафтаҳои қаблӣ шавқовар гузашд ва ин шавқу завқро метавонистӣ аз чеҳраи ҳар ширкаткунанда бинӣ.