Ҳамоиш бахшида ба рӯзи Модар: Зан оинаи зиндагӣ ва чароғи рўзгор
Нашр шуд 2016-03-04 18:45
Ҳамоиш бахшида ба рӯзи Модар, ки баъди зуҳри имрӯз дар Китобхонаи миллӣ доир шуд, “Зан оинаи зиндагӣ ва чароғи рўзгор” ном дошт. Сайфиддин Назарзода, Директори Китобхонаи миллӣ дар сухани ифтитоҳии худ занро зиндагиофарин хонд. Вай зимни табрики бонувон ба ин рӯзи сайид иброз дошт, ки занон шоистаи беҳтарин таманниётанд. Директори Китобхонаи миллӣ аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвоимиллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибос овард ва гуфт, ки эҳтироми бонувон ва модарони арҷманд кори як рӯз дар тӯли сол нест, балки онҳо сазоворанд ҳамеша барояшон эҳтиром қоил бошем. Профессор Назарзода ҳамзамон ба ҷавонмардон таъкид дошт, ки ҳамеша дар зиндагӣ ёвару ёрирасони зан-модар бошанд, барои эҳтироми онҳо аз ҳамаи имкониятҳояшон истифода баранд. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Умриниссо Казакова гуфт, ки бонувону модарони азиз шоистаи ҳар сипосу қадрдонианд. Пеш аз ҳама зан модар буда, ў рисолати бузурги офаридгорӣ дорад. Чунончи, Наполеон фармуда: “Модар бо як даст гавҳора ва бо дасти дигар дунёро такон медиҳад”. - Ба ҳамин хотир, бояд мардон зан-модарро ҳамеша чун гавҳараки чашм эҳтиёт намуда, ба зан – модар ҳамеша меҳрубону мушвфиқ бошанд. Зеро модар офаридагор ва тарбиятгари насли башар аст. Дар қисмати дуюми чорабинӣ хонандагони Гимназияи № 2 ва хонандагони Гимназияи хусусии Тоҷикистон порчаҳои шеърӣ дар васфи модарон ва баҳор хонданд.