Ёде аз Леся Украинка. Нишасти фарҳангӣ-оммавӣ бахшида ба 150-солагии адиби маъруфи Украина дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Нашр шуд 2021-02-26 16:13
Баъд аз зӯҳри дирӯз бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи робитаҳои байналмилалии Китобхонаи миллии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ – оммавӣ бахшида ба 150 – солагии гиромидошти нависанда, тарҷумон ва адиби шинохта, Леся Украинка доир гардид.
Дар чорабинии мазкур сафирони кишварҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: Сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Сафири Ҷумҳурии Олмон, Сафири Ҷумҳурии Белорусия, намоянда аз ташкилоти САҲА, намояндагон аз кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил аз ҷумла, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Туркманистон ва корпусҳои дипломатӣ, намоянда аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилон аз Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуданд.
Дар сухани муқаддимавии худ Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон доктори илмҳои педагогӣ, профессор Файзализода Ҷумахон Хол зикр намуд, ки “Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки имрўз дар чорабинии фарҳангӣ - оммавӣ бахшида ба гиромидошти 150-солагии нависанда, тарҷумон ва адиби шинохта Леся Украинка дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷамъ омадаем.
Месазад зикр намуд, ки муносибатҳои дўстии байни ду кишвар аз солҳои Иттиҳоди Шуравӣ ва баъд аз пош хўрдани он идома дошта, тўли 100 сол мешавад, ки пойдор мондааст.
Дар идомаи суханронии худ Директори Китобхонаи миллӣ илова намуд, ки “Ин ташрифи сеюмини Сафири Ҷумҳурии Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Серватюк Николай Василевич ба Китобхонаи миллӣ аст. Аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷӣ лоиҳаи Созишномаи ҳамкориҳои илмию иттиоолотӣ, байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии ба номи В. Вернадскийи Украина ба Муассисаи давлатӣ ворид гардид. Бояд тазаккур дод, ки Китобхонаи миллӣ барои густариши муносибатҳо ва масъалаҳои марбут ба соҳаи китобу китобдорӣ, такмили ихтисоси кормандон, тарҷумаи шоҳасарҳои классикони ду давлат ва дурнамои ҳамкориҳо омода мебошад”.
Баъдан, Сафири Ҷумҳурии Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Серватюк Николай Василевич суханронӣ кард. Ҷаноби Сафир дар суханронии хеш оид ба тақвияти дастовардҳо ва ҳамкориҳои минбаъдаи миёни китобхонаҳои ду кишварро ёдрас шуд. Дар ин замина, Ҷаноби Серватюк Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистонро аз номи Ҷумҳурии Украина бо дипломи ифтихорӣ сарфароз гардонид.
Баъдан, сужаи видеоии адиби шинохта Леся Украинка намоиш дода шуд.
Дар охир, хонандагон ва кормандони Китобхонаи миллӣ аз эҷодиёти адиби шинохта порчаҳои шеърӣ қироат намуданд.
Фарзонаи Мирзо, Сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии Китобхонаи миллӣ.