Маҳфили рассомии «Ман метавонам!» дар шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ин бор ба Рузи Артиши миллии Тоҷикистон бахшида шуд. Ин махфил ҳар моҳ дар доираи нақшаи чорабиниҳои шуъба баргузор мегардад, ки дар рушди зеҳнии наврасон нақши муҳим мегузорад.
Моҳшариф Давлатова, хонандаи синфи 4-и муассисаи таҳсилоти умумии раками 52-и пойтахт аст, ки аввалин бор дар маҳфили рассомӣ ширкат
намуд. Ў мегўяд ҳафтае ду-се бор ба шуъбаи кўдакон китобхонӣ меояд ва аввалин бор дар ин маҳфил расм кашидааст. «Расми посбонро бо танкуҳавопаймоҳо тасвир кардам. Онҳоро бо рангҳои сабзу сиёҳ ранг кардам. Орзуи меъмор шудан дорам ва аз худ кардани ҳунари наққошӣ барои меъмор шарти зарурӣ аст».
Тасвири фаслҳои сол, дарахтону гулҳо ва хонаҳо шуғли дўстдоштаи Моҳшариф аст. Ба андешаи ин наврас маҳфил ба ў ва наврасони дигари шуъба
маълумот ва аз худ кардани маҳорати сураткаширо меомӯзонад.
- Ман дар ин маҳфил фаҳмидам, ки мо ба Рўзи Қуввахои мусаллаҳи Тоҷикистон омодагӣ мебинем ва расмҳои мо бояд дар ҳамин мавзӯъ бошанд, гуфт Моҳшариф.
Саидаҳмад Ашуров хонандаи синфи 6-и мактаби миёнаи рақами 93-и шаҳри Душанбе гуфт, ки ӯ бори дуюм аст, ки дар ин маҳфил ширкат мекунад ва расм мекашад.
- Ин маҳфил зеҳни моро тез мекунад ва бисёр чизҳоро ба мо ёд медиҳад. Ман наққоширо дўст медорам. Кашидани расмҳои гурба ва расмҳои
ҳаҷвиро меписандам. Бори якум танкро кашидам, ки дар болояш ситора ва парчам буд. Яъне, парчами Ватан болои танк.
Бардошти Саидаҳмад аз маҳфили «Ман метавонам» он аст, ки ҳар нафар бояд ватанашро ҳимоя кунад ва Тоҷикистонро азиз дорад.
Ҳамчуноне ишора кардем, маҳфили наққошони ҷавони “Ман метавонам!” як маҳфили ҳармоҳа аст, ки аз ҷониби Шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ гардон мешавад. Ҳар маҳфил як мавзӯъро дар бар мегирад ва аз ширкаткунандагон хоста мешавад, ки назари худро дар ин мавзӯъ бо кашидани расмҳо иброз доранд.
Раҳима Аъзам, мутахассиси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.