Чунин гуфт Суқроти ҳаким: Агар касе таърихи сеҳазорсолаашро намедонад...
Таъриху тамаддуни аҷдодони худро надониста, имрўзу ояндаро бунёд карда наметавонем. Таърих борҳо исбот намудааст, ки тоҷикон таърихи бойю пурғановат доранд. Ин арзишҳоро дар Китоби «Тоҷикон» мутафаккири барҷаста, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров исбот намудааст. Китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров аз муқаддима ва 6 фасл иборат буда, аз давраи ҷамияти ибтидоӣ то ба Россия подшоҳӣ ҳамроҳшавии тоҷиконро ба таври возеҳ, баён менамояд. Ёдовар мешавем, ки китоби «Тоҷикон» соли 2008 дар 870 саҳифа дар ду ҷилд чоп гардид. Чунончӣ, дар сарсухани китоби "Тоҷикон" Бобоҷон Ғафуров менависад:
"Китоби якӯм аз чор фасл иборат аст. Фасли якум ба тавсифи сохти ҷамоати ибтидоӣ дар Осиёи Миёна бахшида шудааст. Дар фасли дувум ҳаёти қавму қабилаҳои мухталиф – аҷдоди тоҷикон дар давраи инкишофи муносибатҳои ғуломдорӣ тавзеҳ меёбад. Дар фасли севум тақдири таърихии Осиёи Миёна дар давраи зуҳури муносибатҳои феодалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Фасли чорум вазъияти Осиёи Миёнаро дар давраи тараққиёт ва барқарории сохти феодалӣ баён мекунад. Китоби дувум фаслҳои панҷӯм ва шашӯмро дар бар кардааст:
Фасли панҷӯм таърихи халқи тоҷикро аз ибтидои асри ХVI то миёнаи асри ХIХ ва фасли шашӯм аз ҳамроҳшавии Осиёи Миёна ба Россия ва тараққӣ ёфтани муносибатҳои капиталистиро то ғалабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр тавсиф менамояд”.
Бобоҷон Ғафуров 31 декабри соли 1908 дар ноҳияи Исфисор ҳоло шаҳри Ғафурови вилояти Суғд ба дунё омадаст. Дар бузургу номовар шудани Бобоҷон Ғафуров ҳиссаи падари бузургвораш Сангинов Ғафур ва модари меҳрубонаш шоира Розия Озод бузургу тарихист.
Дар давраи ҷавонии ӯ пантуркисҳо ният доштанд, ки Осиёи Миёнаро бо «Туркияи бузург» пайваст намуда, миллати тоҷикро дастнигар намоянд.
Бобоҷон Ғафуров солҳои 1928 - 1930 шунавандаи курсҳои олии ҳуқуқшиносии шаҳри Самарқанд буда, cолҳои 1931 - 1935 Институти умумииттифоқии рӯзноманигории шаҳри Москваро хатм кардааст.
Солҳои 1935 - 1938 ҷонишини муҳаррир, муҳаррири «Қизил Тожикистон» ва дар солҳои 1938 - 1941 аспиранти институти таърихи АИ И ттиҳоди Шӯравӣ буд.
Ҳамзамон соли 1941 рисолаи номзади илмро дифоъ намудааст. Аз соли 1941 то 1944 Котиби марказии ҳизби комунисти Точикиҷстон оид ба пропаганда ва агитатcия (ташвиқ ва тарғиб) буд.
Аз 1944 то 1946 вай дар вазифаи котиби дуввум ва аз соли 1946 то 24 майи соли 1956 дар вазифаи котиби аввали Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон кор кардааст.
Ў дар як давра бо фаъолияти омӯзгорӣ ва илмӣ мағул шудааст. Аз соли 1936 то 1940 дар Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Сталинобод ва Донишгоҳи олии хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон аз таърихи халқҳои ИҶШС таълим додааст.
Бооҷон Ғафуров аз соли 1942 то соли 1948 мудири сектори таърихи Инстиути таърих, забон ва адабиёти шӯъбаи тоҷикистонии АИ СССР ва дар соли 1951 аъзои ҳақиқии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Аз соли 1956 то поёни зиндагиаш Б. Ғафуров вазифаи директори Пажуҳишгоҳи шарқшиносии (Фарҳангистони Улуми Иттиҳоди Шӯравӣ) ва сармуҳаррири маҷаллаи "Осиё ва Африка" - ро бар ӯҳда дошт. Бо талошу дастгириҳои бевоситаи
Б. Ғафуров солли 19348 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва соли 1951 Академияи илмҳои Тоҷикистон таъсис дода шуд. Бобоҷон Ғафуров аз солҳои 30 – юми асри гузашта, ба омӯхтани таърихи халқи тоҷик шурӯъ намуда, соли 1941 рисолаи илмияшро дар мавзӯи «Таърихи тариқати исмоилия аз ибтидои асри 19 то ҷанги якуми ҷаҳон» дифо намуд. Кӯшишҳои пайвастааш дар ин ҷода ўро комёб намуд, ки 25 феврали соли 1952 рисолаи докториро дар мавзӯи «Таърихи халқи тоҷик» дар Маскав ҳимоя намояд. Дар соли 1958 аъзо-корреспонденти АИ СССР интихоб шудааст, Ў дар даврони умри пурбаракаташ 400 мақоларо оид ба таърихи халқи тоҷик ва таърихи умумиҷаҳонӣ навиштааст. Бо кумаки бевоситаи ў бори аввал гурӯҳи муаллифон таърихи халқи тоҷикро дар се ҷилду панҷ китоб солҳои 1963-1965 дар нашриёти «Наука»-и Москва чоп намуданд. Асарҳои ӯ бо забонҳои гуногун дар Деҳлӣ, Берлин, Рум, Теҳрон, Пекин, Афина, Кобул, Порис, Карочӣ, Варшава бо теъдоди зиёд ба чоп расидаанд.
Ў барои навиштани китоби «Тоҷикон» аз зиёда аз 2000 сарчашмаҳои илми истифода бурдааст, ки китоб дар баробари Шоҳномаи А. Фирдавсӣ, «Таърихи Бухоро» - и Абӯбакри Наршахӣ, «Сиёсатнома» - и Низомулмулк чун шиносномаи халқи тоҷик барои асрҳои оянда хизмат менамояд.
Олимони машҳури олам, касоне, ки бо шахсият ва осори илмии Бобоҷон Ғафуров ошно буданд, ба донишу малакаи фавқулодаи ӯ баҳои баланд додаанд. Соли 1978 шоири машҳури Покистон Файз Аҳмад Файз оромгоҳи Бобоҷон Ғафуровро зиёрат намуда гуфта буд: «Ин фарзанди бузурги тоҷик дар асл фарзанди бузургтарини Машриқзамин мебошад».
Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ дар хотираҳои хеш чунин овардааст: "Соли 1972 китоби академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» аз чоп баромад ва зуд шӯҳрат ёфт. Ҳар зиёии тоҷик мекӯшид, ки нусхае аз он ба даст биёварад ва ҳар кас, ки ба даст овард, ба як нишаст хонда мефуровард. Пас аз чанде Бобоҷон Ғафуров (1909-1977), ки дар Маскав зиндагӣ мекард ва сарвари Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Фарҳангистони улуми шӯравӣ буд, худ ба шаҳри Душанбе омад ва бештар аз пештар мавриди таваҷҷуҳи мардум қарор гирифт.
Ёдовар мешавем, ки нависандаи машҳури мо Ҷалол Икромӣ ба хонаашон як зумра аҳли илму фарҳангро ба хотири меҳмонии Бобоҷон Ғафуров даъват намуданд. Дар байни он иддаи аҳли илму адаб Мирзо Турсунзода ва профессор Иосиф Самойлович Брагинский низ буданд. Барандаи маҳфил Бобоҷон Ғафуровро барои навиштани таърихи «Тоҷикон» таърифу тасниф намуда, ўро ҳамчун падари миллат муариффӣ намуд. Бобоҷон Ғафуров сухани ӯро бурид ва гуфт: камина падари миллат нестам, фарзанди миллат ҳастам, ки мехоҳам хидмат кунам. Ва суханашро идома дода гуфт: «Падари миллат устод Айнӣ буд, ки барои умри дубора ёфтани тоҷикон бештар аз ҳар касе мубориза кардааст ва ба ғалаба расидааст».
Ин сухани Ғафуров ба аҳли маҷлис хуш омад. Аввал рӯҳу равони падари миллатро табрик хонданд ва баъд фарзанди миллатро шодбош гуфтанд.
Аз хотироти А. М. Гребнев, мушоври коршиноси Б. Ғ. Ғафуров (1969-1977):
Дар соли 1968, замоне навиштани китоби нав ё нашри чоруми «Таърихи халқи тоҷик» ба миён омад. Ман аз Бобоҷон Ғафуров хоҳиш намудам: «Китоби нав нависед». Он кас аз ман пурсиданд, ки «Оё шумо розӣ ҳастед, ки муҳаррири масъули он бошед?» ман розигиамро додам. Бобоҷон Ғафуров номи китобро «Тоҷикон» ном ниҳоданд ва ман ҳис карда будам, ки ин ном боиси озурдашавии хотири дигарон мегардид. Дар асл ҳамин тавр ҳам шуд. “Роҳбарони яке аз ҷумҳуриҳои осиёмиёнагӣ аз нашри китоби «Тоҷикон» сахт озурда гардиданд ва дар мактуби ба унвони КМ КПСС навиштаашон пешниҳод намуданд, ки Бобоҷон Ғафуров маҳкум карда шавад. Барои санҷиши ин кор шарқшиносони ленинградиро сафарбар намуданд. Тақризи онҳо интишор нашуд”.
Ҷалолиддини Сиддиқӣ, профессор, устоди Донишгоҳи Кобул китоби “Тоҷикон”- ро хонда чунин навиштааст:
“Китоби «Тоҷикон» дар воқеъ, асарест, ки дар он муборизаи халқи тоҷик бо халқҳои дигари бародари Хуросонзамин ва Мовароуннаҳр зидди ситам ва бедодгарии низомҳои гуногуни феодалӣ ба хубӣ инъикос ёфтааст ва фарози нишебиҳои ин халқҳоро аз адвори хеле куҳан то асри ҳозир ба хубӣ ва бодиққати олимона баён доштааст”.
Ричард Фрай, таърихнигори амрикоӣ дар ёдоштҳои худ оиди китоби “Тоҷикон” чунин овардааст: “Агар зарурати тарҷумаи англисии ягон асари русӣ доир ба мавзӯи Осиёи Марказӣ пеш ояд, бешак он «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров аст”.
Ҳамин оламшумулии китоби “Тоҷикон” буд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар сарсухани нашри китоби «Тоҷикон», соли 1998 чунин навиштаанд:
“Бобоҷон Ғафуров бо чопи шоҳасари бузурги худ – «Тоҷикон» натанҳо миллати тоҷик, балки тамоми форсизабонони олам, мухлисону ҳаводорони тамаддуни Шарқ ва сокинони Осиёи Марказиро бо як сарчашмаи нерубахшу пурбаҳо шодком сохт”.
Хушбахтона бо дастуру ҳидояти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар китоби Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” бо тиражи хеле калон чоп ва ба ҳар хонадони тоҷик ройгон тўҳфа карда мешавад.
Ин иқдоми ҷавонмардонаи Пешвои муаззами миллат бори дигар ҷавонону наврасон ва кулли мардуми Тоҷикистонро руҳбаланду хурсанд намуд. Онҳоро масъул гардонид то аз таъриху тамаддуни миллаташон огоҳ шаванд ва барои ояндаро сохтан ҳиссаи арзандаи хешро гузоранд. Суқроти бузург гуфтааст: “Агар касе таърихи сеҳазорсолаашро намедонад, барои имрӯзу ояндагонаш чизе боқӣ намегузорад”.
Тоҷиконро аз забони Рудаки дарёфтӣ
Солҳо бигзашту ту “Шоҳнома”-ҳоро кофтӣ
Тоҷи ўро аз ҳама аз давру замонҳо ёфтӣ
Бар ту бодо офарин тарихнависи тоҷикон.
Ҷалолуддин Нурзода,
Муовини директори китобхонаи миллии Тоҷикистон.