Пажӯҳишҳои шогирдонаи судманд. Профессор Мурод Муродӣ дар бораи як таҳқиқоти Муҳаммадиқбол Атозода
Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон имконияти омӯзиш ва пажӯҳиши нахустрӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» бештар гардид. Аз ин имкон ва фазо истифода намуда, муҳаққиқони соҳаҳои таъриху адабиёт ва матбуоти тоҷик Ⱪ. Расулиён, А. Набавӣ, П. Гулмуродзода, Н. Ковиёнӣ, Ⱪ. Шарифзода, М. Абдуллозода, Ш. Муллоев ва дигарон ба пажӯҳиши ҷанбаҳои гуногуни ин нашрия даст заданд. Тавассути пажӯҳишҳои ин муҳаққиқон дар фазои илмӣ ва фарҳангии тоҷик таассуроти нисбатан комил доир ба «Бухорои шариф» шакл гирифт.
Дастр ас гардидани шумораҳои «Бухорои шариф» ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои пажӯиши илмиву ҳирфавии ин нашрия имкони боз ҳам муфидеро фароҳам овард. Шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи, ки он вақт сарвариашро Муҳаммадиқбол Атоев ба дӯш дошт, ба бозгардонии шумораҳои «Бухорои шариф» ба ҳуруфи срилик шурӯъ намуданд ва дар ин самт 110 шумораи онро баргардон карданд. Ин амал майлу рағбати М.Атоевро ба муҳтавову мундариҷаи ин нашрия бедор намуд, ки андешаи пажӯиши илмии онро ба миён овард. Чун дар бораи «Бухорои шариф» пажӯҳишҳои пароканда ба анҷом расидаанд, мо (бо Ⱪироншоҳ Шарифзода) масилаҳат додем, ки ӯ масъалаи ташаккули жанриро дар ин нашрия мавзӯи кори диссертатсионӣ қарор диҳад. Зеро дар ташаккули жанрҳои публитсистӣ, хосса матбуотӣ нахустрӯзномаи тоҷикии «Бухоро шариф» заминагузор аст.
М. Атоев бо ҷӯшу хурӯши ҷавонӣ ва эҳсоси баланди илмӣ ба пажӯҳиши ин мавзӯъ машғул гардида, омилҳои зуҳури ансори жанрҳои публитсистӣ, ташаккул ва таносуби корбасти онҳо дар «Бухорои шариф», заминаҳои нашри нахустин рӯзномаи тоҷикӣ дар Осиёи Миёнаро бо назардошти вижагиҳои шаклу ороиш, мазмуну муҳтаво, қолабҳои эҷодӣ ва амсоли ин муайян намуд.
Ӯ дар ҷараёни таҳқиқи мавзӯъ маводи фаровони илмиву амалӣ, хосса тамоми шумораҳои мавҷудаи нашрияи «Бухорои шариф»-ро дастрас намуд ва дар заминаи таҳлилҳои амиқу ҳаматарафаи онҳо мақсад ва вазифаҳои дар наздаш гузошташударо иҷро кард. Аз ҷумла: заминаҳои гуногуни пайдоиши нахустрӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф»-ро таҷдид намуд; вазъи иҷтимоию сиёсии замон ва шароити таъсиси нашрияи мавриди омӯзишро нишон дод; сохтори нашрияро бо назардошти шаклу намо, рубрикаву сарлавҳаҳо, эълону реклама, тасвиру сурат ва вижагиҳои дигар таҳлилу арзёбӣ кард; омилҳои зуҳур ва раванди шаклгирии аносири жанрҳои публитсистиро дар рӯзнома нишон дод; сабабҳои аз чоп бозмондани рӯзнома, вазъи молиявӣ, бурҳони фикрӣ ва ақидавӣ миёни муассисонро муайян кард; дар такя ба шумораҳои электронии нашрия теъдоди шумораҳои нашршудаи рӯзномаро мушаххасан нишон дод.
Мақолаҳои ин маҷмӯаи илмӣ ҷанбаҳои гуногуни пажӯҳиши ин мавзӯъро фаро гирифта, дар онҳо заминаҳои нашри «Бухорои шариф», вижагиҳои шакливу ороиши он, раванди ташаккули жанрҳои гуногун дар ин нашрия, сабабҳои баста шудани нахустрӯзномаи тоҷикӣ мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор гирифтаанд. Дар баррасии ин ва амсоли ин масъалаҳо муҳаққиқи ҷавон ҳарчанд ба пажӯҳишҳои ба анҷомрасида такя мекунад, аммо дар баробари ин факти наверо пайдо ва фикри тозаеро ҳосил менамоянд, ба қазияҳо бо нигоҳи худ менигарад. Ба ин минвол, ба назари ӯ дар таъсиси рӯзномаи «Бухорои шариф» омилҳои гуногун: авҷи танишҳои сиёсию ҳарбӣ миёни кишварҳои Русияву Ҷопон ва Туркиву Италия, вуруди нашрияҳои гуногун, аз ҷумла рӯзномаҳои форсӣ ба Бухоро, ҷон гирифтани таблиғоти ғояҳои пантуркистӣ таъсиррасон будаанд. Нашрияҳои туркизабон дар баробари чопи мақолаҳои миллатгароёна ба таҳрифи таърих пардохта, асолати миллию таърихии тоҷиконро инкор мекарданд. Ин рӯҳияи зидди тоҷикӣ ва таърихситезонаи чунин нашрияҳо бар ҳайсияти миллию таърихии фарҳангиёни Бухоро таъсир намуда, ки онҳо дар фикри таъсиси нашрияи тоҷикзабон дар Аморати Бухоро шуданд.
Бо омӯзиши тарзу тариқаки корбасти жанрҳои хабарӣ, раванди шаклгирии баъзе жанрҳои таҳлилӣ ва ансори жарҳои публисистию бадеӣ дар рӯзномаи «Бухрои шариф» М. Атоев ва натиҷае мерасад, ки дар рӯзномаи мазкур жанрҳои ахборӣ нисбатан серистеъмол буда, аҳли назар дар инъикос ва баррасии масъалаҳои мубрами замон асосан, аз имконоти жанрҳои таҳлилии мухбирнома, мақола ва мактуб кор гирифтаанд.
Муҳаққиқи ҷавон доир ба қатъи фаъолияти «Бухорои шариф» дар баробари се омили нишондодаи устод Айнӣ: танвири афкори мардум; мисли муфаттиш ҷилва кардан дар чашми Ҳукумати амир; бар хилофи интизориҳои элчихонаи рус амал кардани рӯзнома, ҳамчунин се омили дигар: мушкилоти молии ноширин; буҳрони фикрию ақидатӣ миёни муассисон ва ҳайати эҷодӣ; фалаҷ гардидани низоми идориро ошкор месозад, ки аз навҷӯйиҳои ӯ дарак медиҳад.
Умуман мақолаҳои ин маҷмӯаи илмӣ ҳосили ковишҳо ва таҳлилу баррасиҳои шогирдонаи М. Атоев мебошад, ки дар атрофи як нашрия сурат гирифтаанд. Ин мақолот бо вуҷуди шогирдона таълиф шудан, дар шинохт ва муайян намудани ҷанбаҳои гуногуни нахустрӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф», хосса нақши он дар масъалаи ташаккули жанрҳои публисистӣ аз аҳамият холӣ нестанд.
Умедворем, ки Муҳаммадиқбол дар ин ҷода пажӯҳишро идома дода, дар роҳи илм қадамҳояшро устувортар мегардонад.
Муродӣ Мурод, профессор
Китоби Муҳаммадиқбол Атозода бо номи “Бухорои шариф” ва ташаккули жанрҳои публитсистӣ” соли гузашта чоп шуд. Тавре аз сарсухани профессор М. Муродӣ ҳам дарк кардед, он аввалин самараи пажӯҳишҳои муаллиф дар мавриди нахусти нашрияи тоҷикӣ буда, самараҳои дигари ин таҳқиқот ҳанӯз дар роҳанд.
Китобро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Таҳияи Малика Абдуллоева