Ману Бозор солҳои тӯлонӣ ҳамсоя будем ва дар айёми ҳамкориамон дар идораи моҳномаи «Садои Шарқ» дар як утоқ менишастем. Вай табиатан ором ва камгап буд. Вале чашмони андешаманду ҳамеша маҳзунаш гӯё байти Хоҷа Ҳофизро пайваста такрор мекарданд:
Дар андаруни мани хастадил надонам кист,
Ки ман хомӯшаму ӯ дар фиғону дар ғавғост?!
Забони шеъраш ва хаёли шоириаш аз сухангустарони дигар ба тамом фарқ мекард. Чанде аз ӯ пайравӣ карданду мекунанд. Аммо кӯшишҳояшон бебарор мондааст.
Бозор дар мактаби худ танҳост.
Солҳое, ки ӯ дар ҳиҷрат буд, дар хонааш иҷоранишинони гуногун зиндагӣ мекарданд. Ва имрӯз ҳам касони дигар ба сар мебаранд.
Ҳар гоҳ, ки дар рӯйи ҳавлиамон сайру гашт мекунам, ҳамеша умедворам, ки тирезаи айвонаш кушода мешавад, Бозор намудор мегардад, сигори дасташро равшан мекунад ва хаёломез ба қаторкӯҳҳои барфпӯши Анзоб назар меафканад...
Баҳори соли 2000-ум буд. Борон меборид. Ман ба шишаҳои гирёни айвони Бозор бо ҳасрат нигоҳ мекардаму ин мисраъҳо дар хаёлам давр мезад:
Ин хона, ки мегиряду мегирёнад,
Дарду ғами бекасӣ аён медонад.
Ҳиҷронзадаву бекасу беовоз аст,
Бар лонаи мурғи ломакон мемонад.
Вақте ки Бозор ба Душанбе омад, ба ӯ гуфтам:
- Биё, меҳмони ҳавлиамон шав. Хонаатро мебинӣ.
Гуфт: - Бисёр пешниҳоди хуб аст. Ин корро бояд кард.
Ба гумонам ин корро накард ва шояд карда ҳам наметавонист. Бори хотираҳо гарониаш мекард.
Дар ин рӯзҳои боронии баҳор боз ба айвони хонааш менигарам. Чашми тирезаҳояш мегирянд.
P.S. Равони ҳарду - устодон Гулназар Келдӣ ва Бозор Собир шод бод. Замоне устод Гулназар ин сатрҳоро навиштанд, ки аз Бозор Собир – ҳамқаламу ҳамкор, дӯст ва ҳамсояи худ ёдашон омада буд. Аммо ҳоло худ сафари охират рафтаву бо ҷамъе аз бузургон, аз ҷумла устод Бозор пайвастаанд. Ин навиштаҳоро лазҳае пештар дар сомонаи Иттифоқи нависандагон хондем ва хостем бознашр кунед.
Хонаи охираташон обод бошад!