Қадрдонии кормандони Китобхонаи миллӣ бо мукофотҳои давлатӣ дар «Рӯзи китоб»

Ба муносибати 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон» як қатор фаъолони соҳаҳои мазкур бо мукофотҳои давлатӣ сазовор гардонида шуданд, ки миёни онҳо 7 нафар кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон низ мебошад.

Мукофотҳои давлатиро 4-уми сентябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода аз номи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони муассисаҳои гуногуни давлатӣ  тақдим намуданд.

Дар миёни тақдиршудагон  7 нафар кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон чунин шарафи бузург насиб гардид:

- Гадобек Маҳмудов - муовини директори Китобхонаи миллӣ бо медали «Хизмати шоиста»;

- Искандар Сафаров - сардори шуъбаи нигаҳдории китоб бо медали «Хизмати шоиста»

- Барно Умарова - муовини сардори шуъбаи коркарди адабиёт  бо медали «Хизмати шоиста»

- Назира Ғуломова - муовини сардори шуъбаи нигаҳдории китоб бо медали «Хизмати шоиста»

- Татьяна Болдырева - сармутахассиси бахши ҳуқуқ ва кадрҳо бо медали «Хизмати шоиста»

- Маҳмадӣ Шоимардонов - сармутахассиси бахши бехатарӣ аз сӯхтор бо медали «Хизмати шоиста»

- Шайдоӣ Абдуллоев - сардори шуъбаи феҳристнигорӣ бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  сарфароз гадонида шуданд.

 Дар   маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ  Абдуҷаббор Раҳмонзода онҳоеро, ки барои фаъолияти пурсамар дар  рушду пешрафти мамлакат аз ҷониби  Президенти Ҷумҳурии Толҷикистон  бо мукофотҳои олии давлатӣ қадрдонӣ гардиданд, самимона табрик гуфта, ба онҳо дар роҳи пешбурди меҳнати содиқона ба нафъи давлату миллат комёбиҳо орзу намуд.

Аҳли кормандони Китобхонаи миллӣ низ  ба ин табрикот шарик буда, кули онҳоеро, ки ба ҷоизаҳои муҳими давлатӣ қадр ва сазовор дониста шудаан табрик мегӯянд.

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР

шуъбаи матбуоти даврӣ.

Барчаспҳо: