Моҳҳои гузашта 2416 нафар хонандагони шуъбаи хизматрасонии библиографӣ 3929 китоб дархост кардаанд
Нашр шуд 2020-08-20 13:37
Дар моҳҳои сипаригаштаи соли равон шуъбаи хизматрасонии библиографӣ ба 2416 нафар хонандагон хизмат расонида, ба онҳо барои мутолиа 3929 китоб пешниҳод кардааст. Маврид ба зикр аст, ки Шуъбаи хизматрасонии библиографӣ яке аз сохторҳои асосии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, соли 1938 ташкил ёфтааст. Фонди умумии шуъба айни ҳол 15210 нусха китобро ташкил дода, 9535-нусха китоби гуногун, 4095-нусха маҷалла, солнома ва бюллетенҳо 1580-нусхаро ташкил медиҳанд. Мақсади ниҳоии шуъбаи хизматрасонии библиографӣ ин ташкили хизматрасонии маълумотӣ, иттилоотӣ ва тавсиявии библиографӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошад.
Бо ба истифода додани бинои ҷадиди Китобхонаи миллии Тоҷикистон фаъолияти шуъбаи хизматрасонии библиографӣ дар самтҳои хизматрасонӣ ба хонандагон, назорату коркарди фондҳо, тафтиши феҳристҳо, барқарор намудани баргаҳои фарсудашуда, барои таъмиру тармим ҷудо намудани китобҳо, таҳияи дастурҳои библиографӣ-маълумотдиҳӣ ва ғайра хубу назаррас буда, кормандони шуъба кўшиш доранд, ки сифати хизматрасониро дар ин бахши Китобхона хуб ба роҳ монанд.
Яке аз дигар корҳои шуъбаи боло зикршуда, ҷамъоварии маҷаллаҳои берун аз Тоҷикистон чопгардида мебошанд. Кормандони шуъба маҷаллаҳоро ҷамъоварӣ намуда, он маводи ихтисосие, ки ба шуъбаи хизматрасонии библиографӣ зарурӣ шуморида мешаванд, дар феҳристи шуъба ҷой менамоянд. Дар ин самт, аз аввали соли равон то ба имрўз 497 мақолаи илмӣ соҳавӣ ба феҳристи шуъба ворид гардидааст.
Ҳамчунин, аз шабакаи интернет хабару мақолаҳое, ки оиди пешрафту тараққиёти соҳаи китобдорӣ ва иттилоотрасонӣ нигаронида шудаанд, кормандони шуъба пайваста ҷустуҷў менамоянд. Аз ҷумла, аз сомонаҳои Китобхонаҳои кишварҳои ИДМ, инчунин, аз рӯзномаву маҷаллаҳои Русия, Белоруссия ва Қазоқистон зиёда аз 910 номгўйй маводро дастрас намуда, ба феҳрист ворид кардаанд.