Мулоқоти Директори Китобхонаи миллӣ бо Котиби дуюми Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон
Нашр шуд 2020-08-19 13:39
19 августи соли 2020 Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Файзализода Ҷумахон Хол Котиби дуюми Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Фаррух Азизовро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот мавзӯъҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб барои таҳким ва густариши робитаҳои мутақобилаи судманд баррасӣ шуданд. Ҳар ду ҷониб бори дигар тамоили худро барои рушди ҳамкории судбахш таъкид доштанд.
Дар мулоқот ҳамчунин муносибатҳои дуҷониба ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Ӯзбекистон дар соҳаҳои китобу китобдорӣ, табодули таҷрибаи кормандони китобхонаҳои ҳарду кишвар ва дигар самтҳои барои ду кишвар судманд баррасӣ шуда, ҷиҳати амалисозии ин гуфтаҳо ба тасвиб расонидани санади ҳамкорӣ байни китобхонаҳои миллии ду кишвар иқдоми хубу шоиста дониста шуд.
Дар ҷараёни мулоқот Котиби дуюми Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон луғати панҷҷилдаи “Ӯзбек тилининг изоҳли луғати”-ро ҳадя намуд.
Дар охир Котиби дуюми Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистонро ҷиҳати боздид аз Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои табодули таҷриба, китобу китобдорӣ ба Тошканд даъват намуд.
Ҳамчунин ду ҷониб ба он таъкид карданд, ки дар шароити ҳамагирии бемории сироятии КОВИД-19 хуб мешуд ин ду китобхона робитаҳои соҳавӣ ва муколамаву суҳбатҳои онлайн баргузор кунанд.