Нахустин нашрияҳои даврӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон: “ОЙИНА”
Нашр шуд 2020-08-05 14:46
Кормандони илмию хизматрасонии Шўъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир қариб 80 сол мешавад, ки фаолияти ҳарҷонибаи кори хешро аз ҷамоварию ҳифз ва омўзиши осори хаттию чопи сангии ниёгонамон ва муосири имрўза аз байни мардуми шаҳру ноҳияҳои мухталифи Осиёи марказӣ ва берун ва берун аз он идома медиҳанд. Хурсандиовар аст, ки имрўз дар фонди тиллоии ин китобхонаи бузург, инчунин аввалин матбуоти даврии тоҷикӣ дарёфт шуда маҳфузанд. Дар байни онҳо чунин маҷаллаҳои солҳои 1920-1930, аз ҷумла «Ойина», «Шўълаи инқилоб», «Раҳбари дониш», «Дониш-биниш», «Машраб», «Зарафшон», «Ҷаҳоннамо», «Мушфиқӣ» ва рўзномаҳои «Овози тоҷик», «Бедории тоҷик», «Зарафшон», «Туркистон» ва ғ. ҳастанд.
Имрўз мо ниҳоят дорем, ки ин дурдонаҳоро ҳар чӣ тезтар ба сабти электронӣ дарорем, ба микрофилм дохил кунем, сафаҳоти фарсудаву даридаашонро саҳҳофию тармим кунем ва бо навбат як ба як мундариҷаи онҳоро ба шакли дастури библиографӣ манзури толибилмон гардонем.
Инак, хонандагони гиромӣ ва толибилмонро бо чанде аз ин нашрияҳо, ки имрӯз моли таъриханд, шинос менамоем.
1.Маҷаллаи «Ойина»
«Ойина» - маҷаллаи ҷадидӣ ҳанўз аз 20-уми августи соли 1913 то 15-уми июни соли 1915 дар шаҳри бостонии Самарқанд ба табъ расидааст ва ҳамагӣ 91 шумораи он ба таври пурра дастраси мо гардидааст. Аввал, ин маҷалла моҳе як маротиба ва дертар моҳе ду бор чоп мешуд. Муҳаррир ва ношири ин маҷалла – Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ (тав. 1875, Самарқанд- ваф. 1919, Қаршӣ) мебошад. Ў яке аз сарварони ҷадидияи Туркистон, нависанда ва рўзноманигори шинохта буд. Мадрасаи онвақтаи зодгоҳашро хатм намуда, муфтигарӣ кардааст. Солҳои 1900-1914 ба Мисру Туркия ва солҳои 1903-1904 ба шаҳрҳои Қазону Уфа сафар менамояд. Барои макотиби ҷадидия чанд китобу дастурҳои амалӣ ва дарсӣ аз ҷумлаи «Мунтахаби ҷуғрофияи умумӣ», «Китоб-ул-атфол», «Мухтасари таърихи ислом», «Амалиёти ислом», «Мадхали ҷуғрофияи имронӣ», «Мухтасари ҷуғрофияи Русия» ва ғайра таълифу тартиб додааст.
Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, инчунин мураттиб ва ношири «Харитаи Туркистон», «Бухоро ва Хева (ба забони ўзбекӣ), муҳарриру мураттиби рўзномаи «Самарқанд» (1913-1914) буд. Драмаи «Падаркуш»-и вай ба ҳаёти савдогарон-вакилони буржуазияи навбаромада бахшида шудааст. Мавсуф дар мақолаҳо, китобу рисолаҳояш манфиати синфи буржуазияи тиҷоративу маҳаллии кишварро нишон медод ва исбот карданӣ мешуд, ки аморати Бухороро сарнагун намуда, дар асоси маърифати буржуазӣ онро ислоҳ намоянд. Ў мардумро ташвиқ менамуд, ки обрўю эътибори хешро ҳамеша нигоҳ дорад.
Бояд гуфт, ки дар саҳифаҳои ҷолиби ин маҷалла мутафаккирон, ба монанди устод С. Айнӣ, С. Ализода, А. Фитрат, Мирзо Сироҷи Бухорӣ ва дигарон бо шеъру мақолаҳо баромад мекарданд.
Маҷаллаи «Ойина» ба ду забон – тоҷикӣ ва ўзбекӣ ба табъ мерасид ва баъзе эълонҳояш ба русӣ пешкаш мешуданд. Ин маҷалла ғайр аз муштариёни Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Эрон, Туркия, Афғонистон ва Тотористон ҳам хонандаи зиёде дошт. Маҷаллаи аз илму тамаддун баҳс мекард ва барои нигоҳдошти шаклу мундариҷаи таълиму тарбия мубориза мебурд.
Маводҳои «Ойина» ба насри классикии тоҷик монандӣ доштанд. Муаллифони он ривоятеро дар боби илму дониш, мадраса ё тарбияву ахлоқ оварда, фикри хешро бо порчаҳои шеърӣ ҷамъбаст менамуданд. Махсусан, маҷалла бештар хабару мақолаҳоро аз жанрҳои матбуот истифода мебурд.
Адабиёт:
1) Раҷабов. З. Беҳбудӣ (Матн) // ЭСТ. – Душанбе. 1979.-ҷ.1. А. Гайдар. С 49.
2). Усмонов И. «Ойина» (Матн) // ЭСТ. – Душанбе 1981. Ҷ.5.-С30.
Таҳияи Ҳаётулло Муҷебуллоев