Ангезаи рушди ин таърихнигориро баъзе муҳаққиқон дастуроти Қуръон ва суннат дар амри фарогирии улум ва мероси гузашта ба манзури пандпазирӣ ва ибратомўзӣ медонанд. Бештари осори таърихии садаҳои аввали исломӣ «ахбор» номида мешуданд, вале бо ин ҳол тавонистанд дар миёни арабҳо навъе шуури таърихиро падид оваранд. Бо густариши ислом ба хориҷ аз сарзамини Арабистон дар сарзаминҳое, ки собиқаи тулонии нигориши таърихро доштанд (Эрон, Рум, Ҳинд), ин илм бистари муносибро барои тараққиву такомул пайдо кард.
Сарфи назар аз гароишҳои сиёсӣ, қавмӣ ва мазҳабии муаррихон, дар ин давра осоре офарида шуд, ки бе зикри онҳо баъзе аз саҳифаҳои таърихи ҷаҳонӣ ҳам ноқис хоҳад монд. Дар ин замина таърихномаҳои арабию порсӣ ҷойгоҳи вижа доранд. Ин рўзгорест, ки муаррихони баландовозаи тоҷик Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ, Абуалии Балъамӣ, Абунаср ибни Абдуҷаббори Утбӣ, Абуалӣ Мисковайҳи Розӣ, Абдулҳай ибни Заҳҳоки Гардезӣ бо осоре гаронмоя номи худро дар саҳифаҳои таърих ба таври ҷовидон сабт карда, суннати писандидаи таърихнигории исломиро поягузорӣ намуданд. Ба ибораи дигар, муаррихони тоҷик таърихи дерин ва тамаддуни дурахшони ниёгони худро дар ин давра зери хатари нобудиву азбайнравӣ дида, бо нигоштани чандин «Шоҳнома»-и назмиву насрӣ ва нахустин таърихномаи порсӣ «Таърихи Балъамӣ» сарнавишти пур аз фарозу нишеби Эронвейҷи куҳанбунёдро ҷовидона саб карданд. «Таърихи Масъудӣ», ки бо номи муаллифи донишманду нуктасанҷу гаронқадраш Байҳақӣ, ба «Таърихи Байҳақӣ» шуҳрат ёфтааст, муҳимтарину дақиқтарин китоби таърихӣ ва аз осори камназири насри порсӣ аст.
Байҳақӣ худ солҳо дар дарбори Ғазнавиён хидмат кардааст ва баъди канора гирифтан аз дарбор бидуни амру дастури ҳоким ё фармонравое ин таърихномаро ба қалам кашида, номи худро бар ҷаридаи некномони рўзгор ҷовидон сабт намуд. Дар ин асар нукоти фаровоне пиромуни авзои дохилӣ, равобити хориҷӣ, русумоти дипломатӣ ва суннатҳои девонсолорӣ, артиш, инчунин ситезаҳои пинҳону ошкори вазирон, девонсолорон ва амирону низомиён мавҷуд аст, ки бар аҳаммияти китоби ў афзудааст...
Бо матни комили сарсухан ва китоби “Таърихи Байҳақӣ” ин ҷо ошно шавед: ТАЪРИХИ БАЙҲАҚӢ